ДАШНОМ ДОДАНИ ЗАМОНА
سب الدهر ДАШНОМ ДОДАНИ ЗАМОНА Мақсад аз даҳр, дашному мазаммат ва зишт шуморидани замона ва вақт аст. Ҳукми дашноми замона ба се қисм тақсим мешавад: 1.Хабар додани хабари дурусте, ки дар он дурӯғе нест, пас он ҷоиз аст. Ба мисли гуфтани ин ки; “Имрӯз аз гармии ҳаво сахт монда шудем”....
ДАШНОМ ДОДАНИ ЗАМОНА
سب الدهر
ДАШНОМ ДОДАНИ ЗАМОНА
Мақсад аз даҳр, дашному мазаммат ва зишт шуморидани замона ва вақт аст. Ҳукми дашноми замона ба се қисм тақсим мешавад:
1.Хабар додани хабари дурусте, ки дар он дурӯғе нест, пас он ҷоиз аст. Ба мисли гуфтани ин ки; “Имрӯз аз гармии ҳаво сахт монда шудем”. Ва ё ба монанди Лут (алайҳис салом), ки чунин гуфт:"Ин рӯзи сахт аст".
2.Замонаро дашном диҳад ва гӯяд, ки иҷрокунандаи он ҳамон замона аст. Ба мисли эътиқод доштан ба ин, ки ҳамон замона корҳоро аз хайр ба сӯйи шарр мегардонад, пас ин ширки акбар аст.
3.Замонаро дашном диҳад, зеро он макони кори нохуш аст. Ва эътиқод дошта бошад, ки амаликунандаи он Аллоҳ аст, пас ин ҳаром ва аз гуноҳони кабира аст. Дашноми замона азият барои Аллоҳ таъоло аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуд: “Аллоҳ мегӯяд: (Фарзанди Одам Маро озор дода замонаро дашном медиҳад, дар ҳоле ки Ман ҳамон замона ҳастам, чун Ман шабу рӯзро дигаргун мекунам)”. Бухорӣ ва Муслим.
Ва маънои: (Ман замона ҳастам) яъне, Ман идоракунанда ва гардонандаи замона ҳастам.
Пас мо бояд бидонем, ки номи “Даҳр” аз номҳои зебои Аллоҳ таъоло нест.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٨_١٧-٤٦-٣٩.jpg | Download |
ДАШНОМ ДОДАНИ ЗАМОНА
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device