
ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ДӮСТДОШТАТАРИН МАКОН МАСҶИД АСТ
أحَبُّ البلاد إلى الله مَساجِدُها ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ДӮСТДОШТАТАРИН МАКОН МАСҶИД АСТ Паёмбар ﷺ фармуданд:“Дӯстдоштатарин макон дар назди Аллоҳ масҷидҳо ва бадтарин макон дар назди Аллоҳ бозорҳост". Муслим. Масҷидҳо бузургтарин мавзъеҳо барои ибодат аст, бинобарин ихлос ба Аллоҳ...
ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ДӮСТДОШТАТАРИН МАКОН МАСҶИД АСТ
أحَبُّ البلاد إلى الله مَساجِدُها
ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ДӮСТДОШТАТАРИН МАКОН МАСҶИД АСТ
Паёмбар ﷺ фармуданд:“Дӯстдоштатарин макон дар назди Аллоҳ масҷидҳо ва бадтарин макон дар назди Аллоҳ бозорҳост". Муслим. Масҷидҳо бузургтарин мавзъеҳо барои ибодат аст, бинобарин ихлос ба Аллоҳ дар масҷидҳо шарти зарурист. Паёмбар ﷺ фармуданд: "Намози ҷамоъат бисту ҳафт маротиба бештар аз намози танҳогузор фазлу савоб дорад". Бухорӣ. "Ҳар касе, ки барои Аллоҳ масҷид месозад, Аллоҳ монанди он барояш дар биҳишт хонае месозад". Муслим. Ва фармуданд: "Ҳар касе, ки барои Аллоҳ масҷид месозад, агарчӣ ба андозаи лонаи гунҷишке бошад ва ё хурдтар аз он аст, Аллоҳ барояш дар биҳишт хонае месозад". Ибни Моҷа. Ва фармуданд: "Як намоз дар масҷиди ман (масҷиди набавӣ) аз ҳазор намоз аз масҷиди дигар беҳтар аст, ба ҷӯз масҷидул-ҳаром, ки як намоз дар он ба сад ҳазор намози дар дигар масҷиди хондашуда баробар аст". Ибни Моҷа. Намоз дар масҷиди Ақсо чоряки намози масҷиди Набавӣ аст. Дар ҳудуди масҷидҳо пешоб кардан ва чирку ифлосиҳоро партофтан, хариду фурӯш ва эълони чизи гумшуда, манъ аст. Дар дохили масҷид сухани дунявӣ манъ нест, магар суханҳое, ки муҳаррам аст. Ёрӣ додан ба корҳои масҷид аҷру савоби зиёде дорад. Занҳоро аз рафтан ба масҷидҳо манъ накунем, вале хонаҳояшон бар онҳо беҳтар аст. Ва пиёда рафтан ба сӯйи масҷид сабаби зиёд шудани ҳасанот ва авфи хатогиҳо ва нур дар рӯзи қиёмат аст. Дур будани масофаи хонаи зист ба масҷид, аҷру савоби зиёд дорад. (Бухорӣ ва Муслим).
***
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٢_١١-٢٩-٠٤.jpg | Download |

ДАР НАЗДИ АЛЛОҲ ДӮСТДОШТАТАРИН МАКОН МАСҶИД АСТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025