
ВАСВАСАИ ШАЙТОН
وسوسة الشيطان ВАСВАСАИ ШАЙТОН Яке аз хислатҳои шайтон васваса кардан аст! Шайтон пайваста инсонро васваса мекунад. Шайтон барои барҳам задани муҳаббат ва дӯсти миёни мусалмонон васваса мекунад. Шайтон ҳамеша нисбат ба бародарон дар зеҳни шумо васваса меандозад ба монанди...
ВАСВАСАИ ШАЙТОН
وسوسة الشيطان
ВАСВАСАИ ШАЙТОН
Яке аз хислатҳои шайтон васваса кардан аст! Шайтон пайваста инсонро васваса мекунад. Шайтон барои барҳам задани муҳаббат ва дӯсти миёни мусалмонон васваса мекунад. Шайтон ҳамеша нисбат ба бародарон дар зеҳни шумо васваса меандозад ба монанди ин ки мегӯяд, ӯ чунин аст, шояд ба ин хотир чунин гуфтааст, ӯ чунин кардааст, шояд ба ин хотир чунин кардааст, пайваста ба тарафи корҳои манфӣ кина ва ҳасад мекунад, зеро шайтон медонад ва таҷрибаи таърихӣ дорад. Шумо ибтидо бо ҳамсари худ дучори ҷанг мешавед ва медонед, ки аз паси он ҳама бадиҳо меояд, лекин шумо дар ин ҳангом ба унвони як мусалмон бигӯйед, ки ман озод ва танҳо нестам, балки Аллоҳ таъоло ҳудудеро барои тафаккуроти ман муайян намудааст, ки Аллоҳ бар онҳо огоҳ аст. Бародаре, ки нисбат ба вай гумони бад доштед, тасаввур кунед ки агар ин бародар аз тафаккури ман огоҳ мегашт, ман чигуна метавонистам ба сурати вай нигоҳ кунам? Ва ҳамеша бидонед, ки Парвардигори ҷаҳониён бар ин афкори шумо Огоҳ аст, магар шумо дар рӯзона панҷ вақт дар ҳузури Аллоҳ намеистед? Чаро дар чунин чизе, ки аз инсонҳо ҳаё мекунед аз Аллоҳ ҳаё намекунед, модоме, ки Аллоҳ чизҳое, ки шумо намедонед, Ӯ таъоло медонад ва бар ончи дар даруни шумо мегузарад, Огоҳ аст. Бинобарин, агар бидонем, ки Аллоҳ бар дунёи дарунии мо огоҳ аст, чунин фаҳмиш ва ҳиссиёт ба мо имкон медиҳад, ки бо хости Аллоҳ дунёи дарунии худро ба сӯи мусбат тағйир диҳем ва аз паси ҳар васвасае, ки ба зеҳни мо мерасад, наяфтем. Аллоҳ фармуд: “Гуфт: «Ҷуз ин нест, ки ғами сахту андӯҳи сахти худро пеши Аллоҳ баён мекунам ва аз ҷониби Аллоҳ он чиро медонам, ки шумо намедонед.”. (Юсуф:86). Ва фармуд: “Ононе, ки имон оварданд, дилҳои онҳо бо ёди Аллоҳ ором меёбад. Огоҳ шав, хос бо ёди Аллоҳ дилҳо ором меёбанд.”. (Раъд:28).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-١٥-٠٢.jpg | Download |

ВАСВАСАИ ШАЙТОН
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device