- Version
- Download 54
- File Size 265.65 KB
- File Count 1
- Create Date
- Last Updated March 2, 2024
БА ҲАЯҶОН ДОДА МАШАВ
لا تقلق
БА ҲАЯҶОН ДОДА МАШАВ
Оё ба сабаби наздик шудани имтиҳонот ба ҳаяҷону беқарорӣ дода мешавӣ? Ба ҳаяҷон дода машав, зеро ин кори оддӣ ва доимист. Ва шояд саъйу кӯшиши ту фоидаовар бошад. Модоме, ки ба дараҷаи ташвиш нарасида аст. Пас ба Аллоҳ таваккал карда ба қадри тавоноият иҷтиҳод намо ва рӯзи имтиҳонро фаромӯш накарда дар он рӯз Аллоҳро бисёр ёд бикун. Ва ҳам падару модари худро розӣ кунонда, дуои онҳоро бигир. Зикри субҳу шом ва дуоҳои ҳаррӯзаро ҳифз бикун. Хоссатан дуои баромадан аз хона, ки чунин аст: “Бисмиллоҳи таваккалту алаллоҳи, ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”. Пас адавоти мактабиятро гирифта ба сӯйи мактаб бирав. Вақте, ки ба синфи имтиҳон дохил шудӣ ва гумон кардӣ, ки ҳама он чизҳое, ки ҳифз карда будӣ фаромӯш кардаӣ, ба ҳаяҷон дода машав, ки табиати инсон чунин аст. Ва зеҳни инсон дар вақти ҳоҷат ба он доштан боз мегардад. Масалан ту ҳама он номҳое, ки медонистӣ, дар як лаҳза фаромӯш кардӣ, лекин дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан ва хондани савол дар ҳол ба ёдат меояд. Ва барои имтиҳон дуои муайяне нест, лекин дуоҳое ҳаст, ки он муносиби ту аст: “Бор Илоҳо! Синаи маро бароям кушода намо”. “Бор Илоҳо, ҳеҷ осоние нест, магар осоние, ки Ту онро осон мегардонӣ. Ва агар Ту хоҳӣ, ғаму андӯҳро осон мегардонӣ”. “Бор Илоҳо, Маро ҳидоят кун ва тавфиқ бидеҳ”. “Эй Зиндаву Пойдор, ба раҳмати Ту талаби ёрӣ мекунам”. “Нест Маъбуди барҳақ ба ҷуз Ту, ки пок ҳастӣ, ҳароина ман аз золимон будам”.
Пас ту дар имтиҳонҳо аз фиреб додан ҳазар бикун. Агар магӯ, зеро калимаи агар дарвозаи умури шайтонро боз мекунад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
Attached Files
File | Action |
---|---|
photo_2024-03-02_17-04-30.jpg | Download |