БАДТАРИН МАРДУМ ОНЕ, КИ ДУ РӮЙ ДОРАД
شر الناس ذو الوجهين БАДТАРИН МАРДУМ ОНЕ, КИ ДУ РӮЙ ДОРАД Муъминон бояд аз мунофиқон барҳазар бошанд, зеро Паёмбар ﷺ фармуданд:“Бадтарини шумо оне, ки ду рӯй дорад”. Ривояти Бухорӣ. Албатта дар байни мардум шайтонҳои инсӣ ҳастанд, ки мардумро ба куфру маъсият даъват мекунанд,...
БАДТАРИН МАРДУМ ОНЕ, КИ ДУ РӮЙ ДОРАД
شر الناس ذو الوجهين
БАДТАРИН МАРДУМ ОНЕ, КИ ДУ РӮЙ ДОРАД
Муъминон бояд аз мунофиқон барҳазар бошанд, зеро Паёмбар ﷺ фармуданд:“Бадтарини шумо оне, ки ду рӯй дорад”. Ривояти Бухорӣ. Албатта дар байни мардум шайтонҳои инсӣ ҳастанд, ки мардумро ба куфру маъсият даъват мекунанд, ки барои даъват ба гуноҳ, яке аз манҳаҷи шайтон ин макони хилват аст. Ва мунофиқон шуҷоъати кофие барои эълони имонашонро надоранд. Онҳо мехоҳанд дар назди кофирон иззат пайдо кунанд, лекин тамоми иззат дар назди Парвардигори оламиён аст. На ақидаи саҳеҳ ва на ахлоқи ҳамидае доранд. Мунофиқони ҳар замон ва ҳар макон аз ҳамдигар дар ақволу афъолашон фарқ мекунанд. Барои мунофиқон ягон маҷлис ва ё муносибате намемонад, магар ин ки дар ҳаққи ҳама муъминон сухани баде мегӯянд. Куфр як миллат аст, гарчанде шаклҳояшон гуногун бошад. Масқара кардан ин хулқе аз ахлоқи душманони Ислом аст. Бисёр доиёни Ислом шикоят аз масхара мекунанд, вале сирати Паёмбаронро фаромӯш карданд, Аллоҳ фармуд; "Инчунин ҳар Паёмбареро аз миёни кофирон душмане падид овардем. Ва Парвардигори ту барои роҳнамоиву ёрии ту кофист!". Сураи Фурқон:31.
"Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Аллоҳи Ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд". Буруҷ:8.
"Парвардигор касонеро ба масхара мегирад, ки бар мӯъминоне ки ба рағбат садақа медиҳанд ва беш аз тавоноии хеш чизе намеёбанд, айб мегиранд ва масхараашон мекунанд. Ва онҳоро азобе дардовар аст." Тавба:79.
***
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-١٦_١٨-٠٢-٤١.jpg | Download |
БАДТАРИН МАРДУМ ОНЕ, КИ ДУ РӮЙ ДОРАД
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device