
АҶОИБИИ ТАЛАБИ МАҒФИРАТИ ГУНОҲ
Бо талаби мағфирати гуноҳ кардан, дуоҳо қабул гашта, дари раҳмат боз гашта баракот нозил мегардад. Истиғфор ин ҳимояву сипар аз бадиҳои гуноҳ ва пӯшидани он аст. Пас агар бандаеро Аллоҳ мағфират кунад, пас ӯро аз гуноҳ нигаҳ дошта он гуноҳро пӯшидааст. Истиғфор сабаби нуронӣ...
АҶОИБИИ ТАЛАБИ МАҒФИРАТИ ГУНОҲ
Бо талаби мағфирати гуноҳ кардан, дуоҳо қабул гашта, дари раҳмат боз гашта баракот нозил мегардад. Истиғфор ин ҳимояву сипар аз бадиҳои гуноҳ ва пӯшидани он аст. Пас агар бандаеро Аллоҳ мағфират кунад, пас ӯро аз гуноҳ нигаҳ дошта он гуноҳро пӯшидааст. Истиғфор сабаби нуронӣ гаштани қалб ва ҳидояти он аст. Аллоҳ фармуд: “Солеҳ (алайҳис салом) гуфт: Эй қавми ман, чаро пеш аз накӯӣ бадиро ба шитоб талаб мекунед? Чаро аз Аллоҳ талаби омӯрзиш намекунед? Шояд, ки бар шумо раҳм карда шавад”. Намл:46.
Истиғфор аз бузургтарин тоатҳо, наздик шудан ба Аллоҳ, ҷило додани қалб, дур шудани вазнинии амал ва тарки фаромӯшхотириву ғафлат аст. Мо бояд бо истиғфор кардан бисёр ибодатҳо, намоз, ҳаҷ ва ҳар маҷлису муносибатҳоро ба охир бирасонем. Истиғфор аз зикрҳои Аллоҳ аст, ки қалбҳо зинда гашта ором меёбанд. Аллоҳ фармуд: “Огоҳ шав, дилҳо ба ёди Аллоҳ ором мегиранд”. Раъд:28.
Истиғфор давои қалб аз гуноҳ аст. Имом Қатода раҳимаҳуллоҳ гуфт:“Албатта Қуръон шуморо далолат ба доруву даво мекунад. Аммо доруҳо он ҳамон гуноҳони шумо ва давоҳо он ҳамон истиғфор аст”. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳароина ҳиссиёт ва таъсире дар қалбам ҳаст, ки ман ҳаррӯз сад маротиба талаби мағфирати гуноҳ мекунам” Муслим. Баъзе уламо мегӯянд: Аллоҳ ба баъзе инсонҳо истиғфорро насиб накардааст, зеро ӯ мехоҳад он шахсро азоб бидиҳад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_2024-03-01_16-45-29.jpg | Download |

АҶОИБИИ ТАЛАБИ МАҒФИРАТИ ГУНОҲ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device