АҲЛИ БИДЪАТ, КИ ОНҲОРО АЗ НӮШИДАНИ ОБИ ҲАВЗИ ПАЁМБАР ﷺ МАНЪ МЕКУНАНД
أهل البدع هم الذين يمنعون من الشرب من حوض النبي ﷺ АҲЛИ БИДЪАТ, КИ ОНҲОРО АЗ НӮШИДАНИ ОБИ ҲАВЗИ ПАЁМБАР ﷺ МАНЪ МЕКУНАНД Дар рӯзи қиёмат баъди гармие, ки арақи мардум ба қадри гуноҳашон мерезад ва офтоб наздик мешавад ва пеш аз гузаштан аз пули Сирот, ки мардум муҳтоҷ ба нӯшидани...
АҲЛИ БИДЪАТ, КИ ОНҲОРО АЗ НӮШИДАНИ ОБИ ҲАВЗИ ПАЁМБАР ﷺ МАНЪ МЕКУНАНД
أهل البدع هم الذين يمنعون من الشرب من حوض النبي ﷺ
АҲЛИ БИДЪАТ, КИ ОНҲОРО АЗ НӮШИДАНИ ОБИ ҲАВЗИ ПАЁМБАР ﷺ МАНЪ МЕКУНАНД
Дар рӯзи қиёмат баъди гармие, ки арақи мардум ба қадри гуноҳашон мерезад ва офтоб наздик мешавад ва пеш аз гузаштан аз пули Сирот, ки мардум муҳтоҷ ба нӯшидани об ҳастанд. Пас чизе, ки дар он рӯз Паёмбар ﷺ ро икром карда мешавад, ин ҳавзи Кавсар аст. Ҳавзи Паёмбар ﷺ, ки дарозӣ ва паҳноии он якмоҳина роҳ аст. Ва ранги оби он сафедтар аз шир ва таъму мазаи он ширинтар аз асал аст. Ва бӯйи он хушбӯйтар аз бӯйи миск аст. Ҳар касе, ки аз ин ҳавз як маротиба об менӯшад, абадӣ ҳеҷгоҳ ташна намемонад. Пас ҳама мардум ба назди ҳавз меоянд, ки мӯҳтоҷ ба об ҳастанд. Баъд аз ин, ки офтоб дар болои сарашон аст, ҳама ҳаракат мекунанд, то аз ҳавзи Паёмбар ﷺ об бинӯшанд, лекин аз назди ҳавз гурӯҳ гурӯҳ инсонҳоро фариштагон дур мекунанд ва намемонанд, ки ба ҳавз наздик шаванд. Пас Паёмбар ﷺ мегӯянд, ки инҳо аз уммати ман ҳастанд, инҳо аз уммати ман ҳастанд. Пас ба Паёмбар ﷺ гуфта мешавад, ки ту намедонӣ, ки баъди вафотат чӣ шуда буд. Ин чӣ маъно дорад? Яъне, оне ки ба дини Аллоҳ навоварие овардааст, ҷазои онро дар ин дунё ва дар охират мебинанд, зеро ӯ мухолифи роҳи Паёмбар ﷺ буд. Ва ҳар ҷазо тааллуқ ба амал аст. Бинобарин, ин гурӯҳ инсонҳоро аз ҳавз дур карда мешавад. Ва оне, ки аз суннати Паёмбар ﷺ дар ин дунё ошомида аст, яъне таълим гирифта ва таълим додааст ва амал карда даъват намудааст ва ба суннатҳои Паёмбар ﷺ сабр кардааст, ки фоидаи он дар охират нӯшидани он об аз ҳавзи Паёмбар ﷺ аст. Аз Парвардигор мепурсем, ки аз фазлу карамаш моро бенасиб магардонад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٢٠-١٣.jpg | Download |
АҲЛИ БИДЪАТ, КИ ОНҲОРО АЗ НӮШИДАНИ ОБИ ҲАВЗИ ПАЁМБАР ﷺ МАНЪ МЕКУНАНД
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device