
АҲКОМИ ХАЛЪ
أحكام الخلع АҲКОМИ ХАЛЪ Агар зиндагии зану шавҳар тағйир ёбад ва ҳардуи онҳо ва ё яке аз онҳо ҷудо шуданро хостааст ва шавҳар имконият пайдо кард, ки зани худро талоқ диҳад ва зан низ чизеро баҳона карда аз ӯ талаби талоқ кунад, ин ҳамон халъ аст. Халъ ин ҷудо шудани шавҳар аз...
АҲКОМИ ХАЛЪ
أحكام الخلع
АҲКОМИ ХАЛЪ
Агар зиндагии зану шавҳар тағйир ёбад ва ҳардуи онҳо ва ё яке аз онҳо ҷудо шуданро хостааст ва шавҳар имконият пайдо кард, ки зани худро талоқ диҳад ва зан низ чизеро баҳона карда аз ӯ талаби талоқ кунад, ин ҳамон халъ аст. Халъ ин ҷудо шудани шавҳар аз ҳамсари худ бо мол ва ё бо лафзҳои махсус. Халъ номида шуд, зеро зан нафси худро аз шавҳар ҷудо мекунад, ҳамчуноне ки либосашро аз худ дур мекунад. Аллоҳ фармуд: “Онҳо барои шумо либосанд ва шумо барои онҳо либосед”. Бақара:187. Пас агар ҳамсар шавҳари худро бад бубинад ва тарсад, ки ҳуқуқи шавҳарашро поймол мекунад, пас ҳеҷ боке надорад, ки бар ивази моле аз ӯ ҷудо шавад. Аллоҳ фармуд: “Магар онгоҳ, ки марду зан, битарсанд, ки ҳукмҳои Аллоҳро барпо дошта натавонанд. (Яъне дар муошират)”. Бақара:229. Пас агар зан ҳаққи маҳрашро ба шавҳар бозгардонад, пас метавонад талоқашро бидиҳад. Зеро Паёмбар ﷺ ба ҳамсари Собит ибни Қайс гуфтанд: “Оё боғашро ба ӯ бармегардонӣ? Гуфт: Бале. Паёмбар ﷺ ба Собит ибни Қайс хитоб карда чунин фармуданд: “Боғро қабул бикун ва ӯро як талоқ бидеҳ”. (Бухорӣ). Ва ҷоиз нест, ки аз ӯ бештар аз маҳри додашуда талаб карда шавад. Ва ба зан ҳаром аст, ки бе ягон сабаб талаби ҷудо шуданро кунад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Кадом зане, ки бе ягон сабаб аз шавҳараш талаби талоқ мекунад, пас бар ӯ бӯйи биҳишт ҳаром мегардад”. (Абудовуд). Ва ба мард ҳаром аст, ки ҳамсарашро озор диҳад ва танг биёрад. Аллоҳ фармудааст: “Эй касоне ки имон овардаед, барои шумо ҳалол нест ин, ки маҷбурӣ занонро мерос гиред. Ва онҳоро фишор наоред, то бозситонед баъзе он чиро, ки онҳоро маҳр додаед, магар ин ки кори беҳаёӣ кунанд”. Нисо:19. Лафзҳои талоқ ду навъ аст: 1. Сареҳ, ба мисли гуфтани талоқи туро додам, бар ивази ин мол аз ту ҷудо шудам. 2. Киноя, ба мисли гуфтани ман аз ту безор ҳастам, мехоҳам аз ту дур гардам. Ва дар ин киноя нияти мард шарт аст. Дар ин намуд талоқ бозгаштан нест, магар бо никоҳи нав. Халъ танҳо лағви никоҳ аст, онро талоқ ҳисобида намешавад. Бе зарурат ҷудо шудан ҷоиз нест. Аллоҳ фармудааст: “Ва ҳар ки аз Аллоҳ битарсад, Аллоҳ барои ӯ дар кораш осонӣ падид орад”. Талоқ:4.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-١٠-٣٥.jpg | Download |

АҲКОМИ ХАЛЪ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025