«Аш-Шаҳид»
«الشهيد» «Аш-Шаҳид» Аш-Шаҳид ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зотест, ки аз Ӯ чизе ғоиб намешавад ва аз Ӯ вазни заррае дар замин пӯшида намемонад ва на дар осмон, балки Ӯ бар ҳама чиз хабар дорад, онро мушоҳида мекунад ва ба тафсилҳои он Доност. Номи Аш-Шаҳид дар Қуръони карим ҳаждаҳ маротиба...
«Аш-Шаҳид»
«الشهيد»
«Аш-Шаҳид»
Аш-Шаҳид ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зотест, ки аз Ӯ чизе ғоиб намешавад ва аз Ӯ вазни заррае дар замин пӯшида намемонад ва на дар осмон, балки Ӯ бар ҳама чиз хабар дорад, онро мушоҳида мекунад ва ба тафсилҳои он Доност. Номи Аш-Шаҳид дар Қуръони карим ҳаждаҳ маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Ва гувоҳии Аллоҳ кофӣ аст". (Сураи Нисо, ояти: 166). Ва фармуд: “ Ва Аллоҳ бар ҳама чиз Огоҳ ва Нозир аст”. (Сураи Муҷодала:6). Бинобарин банда бояд бидонад, ки илми Парвардигор ҳаракатҳои зоҳирӣ ва ботинии ӯро дар бар дорад, ки ҳамеша аз корҳояш бохабар аст. Банда бояд даруни худро аз ҳар фикр ва хаёле, ки Парвардигорро ба ғазаб меорад, муҳофизат намояд ва ҳам зоҳири худро аз ҳаргуна гуфтор ва кирдори баде, ки сабаби норозигии Парвардигор мешавад, муҳофизат намояд. Ва Парвардигорро чунон ибодат намояд, ки гуё Ӯро мебинад ва агар Ӯро намебинад, Аллоҳ ӯро мебинад ва ин камоли эҳсон аст. Пас вақте ки Аллоҳ аз корҳои ошкор ва пӯшида хабар дорад ва аз ниятҳову розҳо низ огоҳ аст. Мақсад аз зоҳир ва ошкор аз корҳое аст, ки ба воситаи аъзои бадан анҷом меёбад. Аллоҳ фармуд: “Барои онҳо ман чизе нагуфтам, магар он чӣ маро фармудӣ, ки: «Аллоҳро, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, бипарастед». Ва модоме ки дар миёни онҳо будам, бар онҳо гувоҳ будам, пас ҳангоме ки Ту маро бардоштӣ, Ту Худ бар онҳо нигаҳбон будӣ ва Ту бар ҳама чиз хабардор ҳастӣ!”. (Сураи Моида:117). Ва фармуд: “Он Аллоҳе ки подшоҳии осмонҳо ва замин аз они Ӯст ва Ӯ бар ҳама чиз Гувоҳ аст”. (Сураи Буруҷ:9). Пас барои ҳар мусалмон лозим аст, ки агар хоҳони амал бошад, ин номи Аллоҳ Ашшаҳидро ба ёд орад, зеро Аллоҳи пок аз ҳама амали ӯ бохабар ва огоҳ аст. Аллоҳ фармуд: “Бигӯ: «Эй аҳли Китоб, чаро ба оятҳои Аллоҳ кофир мешавед?!, ҳол он ки ба он чӣ мекунед, Аллоҳ гувоҳ аст». (Сураи Оли Имрон:98).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٢٤-٤٧.jpg | Download |
«Аш-Шаҳид»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device