
«Ат-Таввоб»
«التواب» «Ат-Таввоб» Ат-Таввоб ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ӯ зотест, ки ба касе хоҳад бозгаштан ва тавба кардан ва бар Ӯ баъди маъсият рӯ оварданро насиб ва рӯзӣ медиҳад ва инро аз онон мепазирад ва авф мекунад. Номи Ат-Таввоб дар Қуръони карим яздаҳ маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло...
«Ат-Таввоб»
«التواب»
«Ат-Таввоб»
Ат-Таввоб ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ӯ зотест, ки ба касе хоҳад бозгаштан ва тавба кардан ва бар Ӯ баъди маъсият рӯ оварданро насиб ва рӯзӣ медиҳад ва инро аз онон мепазирад ва авф мекунад. Номи Ат-Таввоб дар Қуръони карим яздаҳ маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд:
﴿ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اجْتَنِبُوا كَثِيرًا مِّنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنِّ إِثْمٌ ۖ وَلَا تَجَسَّسُوا وَلَا يَغْتَب بَّعْضُكُم بَعْضًا ۚ أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَن يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتًا فَكَرِهْتُمُوهُ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۚ إِنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ رَّحِيمٌ﴾ سورة الحجرات12
"Эй мӯъминон, аз гумони бисёр иҷтиноб кунед, ҳар оина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед. Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Аллоҳ битарсед, ба дурустӣ ки Аллоҳ Тавбапазирандаи Меҳрубон аст". (Сураи Ҳуҷурот, ояти 12).
Ва Аллоҳ таъоло фармуд:
﴿ أَلَمْ يَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ هُوَ يَقْبَلُ التَّوْبَةَ عَنْ عِبَادِهِ وَيَأْخُذُ الصَّدَقَاتِ وَأَنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ ﴾سورة التوبة 104
“Оё намедонед, ки танҳо Аллоҳ аст, ки тавбаи бандагонаш ва садақотро мепазирад ва фақат Ӯст, ки бисёр Тавбапазир ва Меҳрубон аст”. (Сураи Тавба, ояти 104).
Аз ин рӯ Аллоҳ таъоло бо ду сурат тавбаи бандагонашро қабул мекунад: Аввал ин, ки ба банда тавфиқ медиҳад, то ин ки тавба намояд ва ба сӯйи Аллоҳ боз гардад. Ва тавба кардан се шарт дорад:
1. Даст кашидан аз гуноҳ. 2. Пушаймон шудан ба анҷом додани ҳамон гуноҳ. 3. Тасмим гирифтан бар ин, ки дубора он гуноҳро анҷом надиҳад ва ба ҷойи он амали солеҳ бикунад.
Дуввум ин, ки Аллоҳ таъоло ба қабул кардани тавбаи банда ва пок кардан аз гуноҳонаш ба василаи тавба, тавбаи ӯро қабул мекунад, зеро тавбаи содиқона гуноҳони пеш аз худро аз байн мебарад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٨_١٤-١٣-٤٣.jpg | Download |

«Ат-Таввоб»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device