
«Ас-Самиъ»
«السميع» «Ас-Самиъ» Аллоҳ таъоло мефармояд: “Аллоҳ Шунаво ва Биност”. Нисо:136. Аллоҳ таъоло дар бисёр оятҳо сифати Самиъ (шунидан) ва Басир (дидан)-ро дар канори ҳам зикр кардааст. Пас ҳар кадом аз сифатҳои Шунидан ва Дидан, тамоми алоқамандии зоҳири ва ботинии худро иҳота дорад....
«Ас-Самиъ»
«السميع»
«Ас-Самиъ»
Аллоҳ таъоло мефармояд: “Аллоҳ Шунаво ва Биност”. Нисо:136. Аллоҳ таъоло дар бисёр оятҳо сифати Самиъ (шунидан) ва Басир (дидан)-ро дар канори ҳам зикр кардааст. Пас ҳар кадом аз сифатҳои Шунидан ва Дидан, тамоми алоқамандии зоҳири ва ботинии худро иҳота дорад. Самиъ (шунаво) касе аст, ки шунавоии Ӯ ҳама шуниданиҳоро дарбар мегирад. Бинобарин Аллоҳ таъоло тамоми садоҳои паст ва баландро, ки дар ҷаҳони боло ва поён вуҷуд дорад, мешунавад. Тавре, ки гуё ҳама як садо ҳастанд. Ва садои зиёд барои Ӯ ташвиш эҷод намекунад. Ва Ӯ ҳама забонҳоро медонад. Ва садои наздик ва дур ва паст ва баланд барои Ӯ якхел ҳастанд. Аллоҳ таъоло фармуд: “Касе аз шумо суханро пинҳон медорад ва касе, ки суханро ошкор месозад ва оне, ки худро дар шаб пинҳон менамояд ва оне, ки дар рӯз равон мегардад, барои Аллоҳ якхел мебошад”. Рад:10. Ва низ Аллоҳ фармудааст: “Аллоҳ гуфтори он занеро мепазирад, ки дар бораи шавҳараш бо ту баҳс мекард ва ба Аллоҳ шикоят мебурд. Аллоҳ ҳатман гуфтугӯйи шумо ду нафарро мешунавад, чаро ки Аллоҳ Шунаво ва Биност”. Муҷодала:1. Аллоҳ таъоло дуои дуокунандагон ва ибодати онҳоро мешунавад. Ва дуоҳояшонро қабул менамояд ва ба онҳо аҷру савоб медиҳад. Аллоҳ таъоло фармуд: “Бегумон Парвардигори ман дуоро мешунавад (иҷобат мекунад) ва гуфтаи намозгузор, ки мегӯяд: Аллоҳ хостаҳои ҳар ситоишгарро қабул мекунад”. Иброҳим:39.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٢_١٢-٥٠-٥٤.jpg | Download |

«Ас-Самиъ»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025