
«Ар-Раҳмон»
«الرحمن» «Ар-Раҳмон» Имони шахси муъмин комил намегардад, магар бо ягона донистани Аллоҳ ба номҳо ва сифатҳояш. Ҳама номҳои Аллоҳ зебо ва олӣ аст. Аллоҳ сифатҳои комил ва бузург дорад. Ва яке аз номҳои зебои Ӯ таъоло Ар-Раҳмон аст. Номи Ар-Раҳмон дар Қуръони Карим дар панҷоҳу...
«Ар-Раҳмон»
«الرحمن»
«Ар-Раҳмон»
Имони шахси муъмин комил намегардад, магар бо ягона донистани Аллоҳ ба номҳо ва сифатҳояш. Ҳама номҳои Аллоҳ зебо ва олӣ аст. Аллоҳ сифатҳои комил ва бузург дорад. Ва яке аз номҳои зебои Ӯ таъоло Ар-Раҳмон аст. Номи Ар-Раҳмон дар Қуръони Карим дар панҷоҳу ҳафт мавзеъ зикр шудааст. Ва шаштои он ҳамроҳ бо номи Ар-Раҳим омадааст. Ар-Раҳмон аз номҳоест, ки барои бандагон ин номро гузоштан ҷоиз нест. Аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки дар тафсири сураи Марям ояти 65 гуфт: “Ҳеҷ якеро ба ғайр аз Аллоҳ, Раҳмон номида намешавад”.(Ҳоким:3420). Ар-Раҳмон, яъне соҳиби раҳмати комил, ки ризқи халқ ва сабабҳои зиндагиро барояшон васеъ гардондааст, агарчи онҳо муъмин бошанд ва ё кофир. Ӯ таъоло пок ва соҳиби Раҳмати васеъ ва бузург аст, ки ҳама чиз дар назди Ӯ васеъ аст. Шахсони ботақво пайравони Паёмбарон ҳастанд, ки барои онҳо ин Раҳмат комил ва мутлақ аст. (Тафсири Саъдӣ с:39). Раҳмати Парвардигор ду навъ аст: 1. Раҳмати ом, ки он барои ҳама халоиқ аст ва ҳам барои тарбияи онҳо ва ризқашон ва ҳам ёрии онҳо бо неъматҳо. 2. Раҳмати хос, ки он хос барои муъминон аст, зеро Аллоҳ онҳоро ба Раҳмати Худ тавфиқ ва ҳидоят мекунад ва дифоъ менамояд. Оне, ки ба Раҳмон будани Аллоҳ имон дорад, медонад ки ҳама он мусибатҳову дарду аламҳо аз тарафи Парвардигор аст. Агарчи онро зоҳиран бад мебинад, вале медонад, ки дар ботини он Раҳмати Парвардигор аст ва албатта оқибати он нек аст. Аллоҳ мефармояд: “Бар шумо набардро лозим карда шуд ва он барои шумо душвор аст. Ва шояд, ки шумо чизеро нохуш доред ва ҳол он ки вай барои шумо беҳтар бошад. Ва шояд, ки чизеро дӯст доред ва ҳол он ки вай барои шумо бад бошад. Ва Аллоҳ медонад ва шумо намедонед”. Бақара:216. Ва шахси муъмин бо ин ном дуо мекунад ва онро васила мегирад. Ва осори Раҳмати Аллоҳро дар махлуқоташ мебинад. Пас бо инҳо муҳаббати Аллоҳ ва имону бовариаш зиёд мегардад. Оне, ки Раҳмати Аллоҳро мехоҳад, ба бандагони Аллоҳ раҳм мекунад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٧_١٣-٠٦-٠٣.jpg | Download |

«Ар-Раҳмон»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device