«Ар-Раб»
«الرب» «Ар-Раб» Ар-Раб ҷалла ҷалолуҳу. Яъне он зоте, ки Офаридгор, Молик, Идоракунандаи ҳама халқ ва ба неъматҳояш Тарбиякунанда аст. Ва дӯстонашро ба он чизе, ки дилҳои ононро ислоҳ мекунад, тарбия менамояд. Ва равона кардани номи Ар-Раб бар ғайри Аллоҳ таъоло ҷоиз намебошад,...
«Ар-Раб»
«الرب»
«Ар-Раб»
Ар-Раб ҷалла ҷалолуҳу. Яъне он зоте, ки Офаридгор, Молик, Идоракунандаи ҳама халқ ва ба неъматҳояш Тарбиякунанда аст. Ва дӯстонашро ба он чизе, ки дилҳои ононро ислоҳ мекунад, тарбия менамояд. Ва равона кардани номи Ар-Раб бар ғайри Аллоҳ таъоло ҷоиз намебошад, магар ба таври музоф, ба монанди Раббул-Усра (соҳиби оила). Ар-Раб ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим зиёда аз нуҳсад маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд:"Сипосу ситоиш барои Аллоҳ, ки Парвардигори оламиён аст". Фотиҳа: 1. Ва фармудааст: “Бигӯ: Оё ғайри Аллоҳ Парвардигоре талабам? Ва ҳол он ки Ӯ Парвардигори ҳама чиз аст”. (Сураи Анъом:164). Ӯ Парвардигори ҳама бандагон мебошад ва ба тадбири корҳои онҳо мепардозад ва онҳоро бо навъҳои неъматҳо парвариш медиҳад. Аллоҳ таъоло бандагон баргузидаашро бо ислоҳи қалбҳояшон ва бо ислоҳи рӯҳҳо ва ахлоқҳояшон тарбият намуда парвариш медиҳад. Бинобарин, бандагон Ӯро бо ин ном бисёр садо мекунанд. Зеро онҳо аз Ӯ ин тарбияти хосро мехоҳанд. Номи “Раб” аз номҳои зебои Парвардигор аст, ки банда худро баъди гуфтан дар амон ва оромӣ ҳис мекунад. Зеро бештари мардум дар ҳолати бало ва зулм мегӯянд, ки “Мо Парвардигор дорем”. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ӯст Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чӣ миёни онҳост, пас, ибодати Ӯро бикун ва дар ибодати Вай босабр бош. Оё барои Вай ҳамноме медонӣ?”.(Сураи Марям:62). Ва фармудааст: “Оё он шахсеро, ки бо Иброҳим дар боби Парвардигораш, бо сабаби он ки Аллоҳ ӯро (Намрудро) подшоҳӣ дода буд, бо ҳуҷҷат гуфтугӯ кард, надидӣ? Чун Иброҳим гуфт: «Парвардигори ман Он аст, ки зинда мекунад ва мемиронад”. (Сураи Бақара: 258).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٥٠.jpg | Download |
«Ар-Раб»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device