
«Ан-Нур»
«النور» «Ан-Нур» Аллоҳ таъоло фармуд:“Аллоҳ нури осмонҳо ва замин аст. Мисоли нури Вай монанди тоқе аст, ки дар он чароғ аст, он чароғ дар шиша аст, он шиша гӯё ситораи дурахшанда аст, афрӯхта мешавад аз равғани дарахти бо баракати зайтуне аст, ки на ба самти машриқ рӯйидааст ва...
«Ан-Нур»
«النور»
«Ан-Нур»
Аллоҳ таъоло фармуд:“Аллоҳ нури осмонҳо ва замин аст. Мисоли нури Вай монанди тоқе аст, ки дар он чароғ аст, он чароғ дар шиша аст, он шиша гӯё ситораи дурахшанда аст, афрӯхта мешавад аз равғани дарахти бо баракати зайтуне аст, ки на ба самти машриқ рӯйидааст ва на ҷониби мағриб, наздик аст, ки равғани вай худ равшанӣ бидиҳад, агарчӣ ӯро оташ нарасида бошад, равшанӣ бар равшанӣ аст, роҳ менамояд Аллоҳ бо нури Худ ҳар киро хоҳад ва баён мефармояд Аллоҳ ин мисолҳоро барои мардум ва Аллоҳ ба ҳар чиз Доно аст”. (Сураи Нур:35). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бор Илоҳо! Ситоиш Турост, Ту нури осмонҳо ва замин ҳастӣ ва нури ончи дар байни онҳост”.(Бухорӣ). Инчунин фармуданд: “Аллоҳ таъоло намехобад ва барои Ӯ шоиста нест, ки бихобад. Тарозуро сабук ва сангин мекунад амали шаб, пеш аз рӯз ба сӯйи Ӯ боло меравад. Ва амали рӯз пеш аз шаб ба сӯйи Ӯ боло меравад. Ҳиҷоби Ӯ нур аст, агар онро дур намояд, нурҳои чеҳрааш то онҷо, ки биноии Ӯст, офаридаҳояшро месӯзонад”. (Муслим). Ибни Саъдӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: (Яке аз номҳо ва сифоти Аллоҳ АнНур аст, ки сифати бузурги Ӯст). Ӯ зоте аст, ки ба василаи Ӯ ҳама ҷаҳон равшан шуда ва бо нури чеҳраи Ӯ торикиҳо равшан гашта ва Арш ва Курсӣ ва Осмонҳои ҳафтгона ва ҳама ҷаҳони ҳастӣ мунаввар шудааст. Нур бар ду навъ аст: 1. Нури ҳиссӣ; Ба монанди ҷаҳони ҳастӣ, ки нураш аз нури Ӯст. 2. Нури маънавӣ; Яъне дилҳо ва рӯҳҳоро аз китоби Аллоҳ ва суннати Паёмбараш равшан ва мунаввар мегардонад. Аҳли илм иқрор мекунанд, ки Нур сифоти Аллоҳ аст, ки мулозими зоти Ӯст ва аз Ӯ ҷудо намешавад ва дар махлуқе ҳулул намекунад. Аммо нури махлуқ нуре аст, ки бо сабабе ба он муттасиф мешаванд. Вақте, ки имони шахси муъмин комил шавад, Аллоҳ қалби ӯро нуронӣ мегардонад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٨.jpg | Download |

«Ан-Нур»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device