«Ал-Ҷамил»
«الجميل» «Ал-Ҷамил» Ал-Ҷамил ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зоте аст, ки дорои сифатҳои Ҳусн ва Эҳсон аст. Ӯ таъоло дар зоташ Ҷамил аст ва ҳамаи номҳо, сифатҳо ва феълҳояш Ҷамил аст. Номи Ал-Ҷамил ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим наомадааст ва он дар Суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи...
«Ал-Ҷамил»
«الجميل»
«Ал-Ҷамил»
Ал-Ҷамил ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зоте аст, ки дорои сифатҳои Ҳусн ва Эҳсон аст. Ӯ таъоло дар зоташ Ҷамил аст ва ҳамаи номҳо, сифатҳо ва феълҳояш Ҷамил аст. Номи Ал-Ҷамил ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим наомадааст ва он дар Суннати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам омадааст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: "Ҳамоно Аллоҳ Ҷамил (яъне, зебо) аст, зебогиро дӯст медорад". (Ривояти Муслим). Пас Аллоҳ таъоло дар зот ва ном ва сифот ва корҳояш зебо аст. Ҳеҷ махлуқе наметавонад баъзе аз зебоии зоти Ӯро таъбир намояд. Аҳли биҳишт бо ин ҳама бархурдорӣ аз неъматҳои биҳишт ва лаззатҳо ва шодиҳои он, вақте ки Парвардигорашонро мебинанд, аз зебоии Ӯ баҳраманд мешаванд. Он ҳама неъмати бепоён ва лаззатҳоро фаромӯш мекунанд ва дӯст доранд, ки ин ҳолат идома ёбад ва онҳо аз Ҷамол ва Нури Илоҳӣ ҳамчунон баҳраманд шаванд, ки ҷамол ва зебоиашон меафзояд. Дилҳои онҳо ҳамеша ба шавқи дидори Парвардигорашон шод аст, ки дар пӯсти худ намеғӯнҷанд. Ҳамчунин ҳама номҳои Аллоҳ таъоло зебо ҳастанд, ки ба таври мутлақ беҳтарин ва зеботарин номҳо мебошанд. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Аллоҳ таъоло дорои зеботарин номҳост, Ӯро ба он номҳо бихонед”. (Сураи Аъроф, ояти 180). Инчунин Аллоҳ таъоло фармуд: “Ӯст Парвардигори осмонҳову замин ва он чи миёни инҳо аст. Пас ибодати Ӯ кун ва дар ибодати Вай босабр бош. Оё ҳамноме барои Ӯ медонӣ?”. (Сураи Марям, ояти 65). Аллоҳ таъоло чунон номе надорад, ки он комил набошад. Ҳамчунин сифоти Ӯ зебо, комил, густурда ва васеъ мебошанд. Хоссатан сифоти Раҳмат, Эҳсон, Бузургворӣ ва Бахшиш. Ҳама корҳояш зебо ва одилона ҳастанд, ки дар он беҳудагӣ ва ситам вуҷуд надорад. Аллоҳ фармудааст: “Он зоте, ки ҳар чиро офарид, некӯ офарид”. (Сураи Саҷда, ояти 7).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٦-٠٣_١٧-٥٨-١٧.jpg | Download |
«Ал-Ҷамил»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device