
«Ал-Ҳодӣ»
«الهادي» «Ал-Ҳодӣ» Ал-Ҳодӣ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ он зотест, ки ба халқ маърифат ва Парвардигориашро илҳом карда ва ононро ба сӯи маслиҳатҳо ва касби ризқашон роҳнамоӣ кардааст. Ва Ӯ касест, ки халқро бар роҳи хайр ва шарр далолат карда ва касе аз ононро хоҳад ба сӯи роҳи росташ...
«Ал-Ҳодӣ»
«الهادي»
«Ал-Ҳодӣ»
Ал-Ҳодӣ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ он зотест, ки ба халқ маърифат ва Парвардигориашро илҳом карда ва ононро ба сӯи маслиҳатҳо ва касби ризқашон роҳнамоӣ кардааст. Ва Ӯ касест, ки халқро бар роҳи хайр ва шарр далолат карда ва касе аз ононро хоҳад ба сӯи роҳи росташ ҳидояти тавфиқ ва илҳом менамояд. Ал-Ҳодӣ дар Қуръони Карим ду маротиба зикр шудааст. Аллоҳ фармудааст: "Ва Парвардигори ту барои роҳнамоӣ ва ёрии ту кофӣ аст". (Фурқон: 31). Ва мефармояд: “Ва ҳамчунин барои ҳар Пайғамбар аз гунаҳгорону кофирон душманон сохтаем. Ва бас аст, ки Парвардигори ту Раҳнамову Нусратдиҳанда аст”. (Нисо:31). Аллоҳ инсонро ба чаҳор сурат ҳидоят мекунад: 1. Ҳидояте, ки шомили ҳар шахси мукаллаф аст. Ба монанди ақл, ҳушёрӣ ва донистаниҳои зарурӣ: “Гуфт:Парвардигори мо Он аст, ки ҳар чизро сурати сазовори ӯро дод ва онро роҳнамоӣ кард”. (Тоҳо:50). 2. Бо даъвати мардум ба воситаи Паёмбарон ва фиристодани китобҳо, онҳоро ҳидоят мекунад: “Аз онҳо вақте ки сабр карданд ва ба оёти Мо яқин оварданд, пешвоёне пайдо кардем, ки бо фармони Мо ба ҳидояти мардум пардохтанд”. (Саҷда: 24). 3. Ҳидояти тавфиқӣ, ки он хоси касоне мебошад, ки ҳидоят ёфтанд: “Ва ононе, ки роҳёфтаанд, ҳидояти онҳоро Аллоҳ зиёда кард ва ба онҳо тақвояшонро дод”. (Муҳаммад:17). 4. Ҳидоят дар охират ба сӯи ҷаннат: “Ситоиши Парвардигореро, ки ба ин неъмати ҷовидона раҳнамун сохт”. (Сураи Аъроф:43). Аллоҳ тамоми ақвол ва афъолаш ҳидоят мебошад: “Ва сухани Парвардигори ту ба ростӣ ва инсоф тамом (комил) аст. Сухани Ӯро ҳеҷ табдилкунандае нест. Ва Ӯст Шунавову Доно”. (Анъом:117). Аз Парвардигор мепурсем, ки моро ба ончи дӯст медорад ва меписандад, ҳидоят кунад. Аз Ӯ ёрӣ хоста мешавад ва таваккали мо бар Ӯст. Аллоҳ фармуд: “(Эй Муҳаммад,) ҳидояти онҳо бар ту лозим нест, валекин Аллоҳ ҳар киро хоҳад ҳидоят мекунад”. (Бақара:272).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-١٤-٢٥.jpg | Download |

«Ал-Ҳодӣ»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device