
«Ал-Ҳақ»
«الحق» «Ал-Ҳақ» Ал-Ҳаққ ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зоте аст, ки ҳастию вуҷӯди Ӯ яқин аст ва ба Ҳақ парастидашуда аст. Парвардигор ва Подшоҳе аст, ки бар Ӯ шакке нест. Дар феълҳо ва сифатҳояш комил аст. Сухани Ӯ ва ҳукму қазои Ӯ ва ваъдаву шариъати Ӯ ҳақ аст. Ал-Ҳаққ ҷалла ҷалолуҳу дар...
«Ал-Ҳақ»
«الحق»
«Ал-Ҳақ»
Ал-Ҳаққ ҷалла ҷалолуҳу, яъне он зоте аст, ки ҳастию вуҷӯди Ӯ яқин аст ва ба Ҳақ парастидашуда аст. Парвардигор ва Подшоҳе аст, ки бар Ӯ шакке нест. Дар феълҳо ва сифатҳояш комил аст. Сухани Ӯ ва ҳукму қазои Ӯ ва ваъдаву шариъати Ӯ ҳақ аст. Ал-Ҳаққ ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим даҳ маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: "Пас баландмартаба аст, Аллоҳе ки Фармонравои Ҳақ аст". (Сураи Тоҳо, ояти 114). Ӯ воҷибул вуҷӯд ва дорои сифоти комил аст. Ва вуҷуди Ӯ аз лавозими зоташ мебошад. Ҳама чиз ба василаи Ӯ ба вуҷуд омадааст. Пас Ӯ зоте аст, ки буда ва ҳамеша хоҳад буд. Ва доимо ба Бузургӣ ва Камол мавсуф мебошад. Ва ҳамеша ба Эҳсон маъруф ва шинохта шудааст. Пас гуфтаи Ӯ Ҳақ ва кораш Ҳақ аст. Дидори Ӯ Ҳақ ва Паёмбарон ва Китобҳо ва Динаш ҳақанд. Ибодат ва парастиши Ӯ, ки шарике надорад, ҳақ аст. Ва ҳар чизе, ки ба Ӯ нисбат дода мешавад, ҳақ аст. Аллоҳ таъоло мефармояд: “Ин нусрат ба сабаби он аст, ки Аллоҳ Ҳақ аст. Ва он чи кофирон ба ҷуз Вай мехонанд, ботил аст ва ба сабаби он аст, ки Аллоҳ Баландмартабаи Бузургқадр аст”. (Сураи Ҳаҷ, ояти 42). Ва фармудааст: “Ва бигӯ; Ин сухани ҳақ ва рост аз Парвардигори шумо омадааст. Пас ҳар ки хоҳад, имон оварад ва ҳар ки хоҳад кофир шавад”. (Сураи Каҳф, ояти 29). Ва фармудааст: “Пас ин Аллоҳ, Парвардигори ҳақиқии шумост. Пас баъди ростӣ ба ҷуз гумроҳӣ чист? Пас аз куҷо гардонида мешавед?”. (Сураи Юнус, ояти 32). Ва фармудааст: “Ва бигӯ; Ҳақ фаро расида аст ва ботил аз миён рафта ва нобуд гашта аст. Албатта ботил аз миён рафтанӣ ва нобуд шуданӣ аст”. (Сураи Исро, ояти 81). Пас сифоти бузурги Аллоҳ ва корҳо ва ваъдааш ва низ парастиш ва ибодати Ӯ Ҳақ мебошад. Ва ваъид ва ҳисоби Ӯ адолат аст, ки дар он ҳеҷ ситаме нест.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٦-٠١_١٦-٠٠-٤٣.jpg | Download |

«Ал-Ҳақ»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device