
«Ал-Ҳамид»
«الحميد» «Ал-Ҳамид» Ал-Ҳамид ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ӯ таъоло дар ҳама кирдор, гуфтор, сифатҳо, номҳо, шаръ ва тақдираш Ситудашуда аст. Ҳамду ситоиш карда мешавад ва Ӯ барои сифатҳои комилаш ва эҳсони бисёраш ба сӯйи халқ шоистаи ҳамду сано аст. Ал-Ҳамид дар Қуръони карим 17 маротиба...
«Ал-Ҳамид»
«الحميد»
«Ал-Ҳамид»
Ал-Ҳамид ҷалла ҷалолуҳу, яъне Ӯ таъоло дар ҳама кирдор, гуфтор, сифатҳо, номҳо, шаръ ва тақдираш Ситудашуда аст. Ҳамду ситоиш карда мешавад ва Ӯ барои сифатҳои комилаш ва эҳсони бисёраш ба сӯйи халқ шоистаи ҳамду сано аст. Ал-Ҳамид дар Қуръони карим 17 маротиба омадааст. Аллоҳ фармуд: "Ҳамоно Ӯ Ситудаи Бузургвор аст". (Сураи Ҳуд, ояти: 73). Ва фармуд: “Эй мардум, шумо ниёзманди Аллоҳ ҳастед ва Аллоҳ Бениёзу Ситуда аст”. (Сураи Фотир, ояти:15). Ибни Қайюм раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Аллоҳ таъоло аз ду ҷиҳат Ситуда аст; Яккум ин, ки ҳама махлуқот ситоиши Ӯро мекунанд. Пас ҳар ситоиш ва сипосе, ки аҳли осмонҳо ва замин ва гузаштагон ва ояндагони онҳо гуфтанду мегӯянд ва ҳар ситоише, ки нагуфтаанд, танҳо сазовори он Аллоҳ аст. Чун Аллоҳ аст, ки онҳоро офарид ва ризқу рӯзӣ дод ва неъматҳои зоҳирӣ ва ботинӣ ва динӣ ва дунявиро арзонӣ намуд ва ранҷҳоро аз онҳо дур кард. Пас ҳар неъмате, ки бандагон доранд, аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва танҳо Ӯ таъоло бадиҳо ва балоҳоро аз онҳо дур менамояд, бинобарин Ӯ сазовори он аст, ки бандагон дар тамоми вақт ситоиши Ӯро карда, шукри Ӯро баҷо меоранд”. Дуввум ин, ки Аллоҳ таъоло бо номҳои ҳусно ва сифоти комили Худ ситоиш мешавад. Ӯ барои ҳар сифате сазовори комилтарин ситоиш мебошад. Пас Ӯ ба хотири зоташ ситоиш мегардад ва ҳам бар асоси сифоташ Ситуда мешавад ва ҳамчунин барои корҳояш Ситоиш мегардад. Чун корҳои Ӯ фазл, эҳсон, адл ва ҳикмат аст. Ӯ бар офариниш ва қонун ва аҳкоми тақдирӣ, шаръӣ ва ҷазоие, ки гузоштааст, мавриди Ситоиш аст. Ва ақлу фикри мо тавони шумурдани Ситоиши Ӯ таъолоро надоранд ва қаламҳо аз баёни ситоиши Ӯ нотавон ҳастанд. (Ал-ҳақ ал-возеҳ с;31,40).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٠١_١٧-٤٤-١٧.jpg | Download |

«Ал-Ҳамид»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025