«Ал-Ҳаким»
«الحكيم» «Ал-Ҳаким» Аллоҳ мефармояд: “Ӯ Ҳакиму Огоҳ аст”. Анъом: 18. Ҳаким касе аст, ки дорои илм ва огоҳ ба ҳама умур ва оқибати он аст. Ҳаким касе аст, ки ҳамди фаровон, қудрати комил ва раҳмати фаровон дорад. Ва ҳар чизро ба ҷойи муносиби он қарор медиҳад, ки ба он наметавонед...
«Ал-Ҳаким»
«الحكيم»
«Ал-Ҳаким»
Аллоҳ мефармояд: “Ӯ Ҳакиму Огоҳ аст”. Анъом: 18. Ҳаким касе аст, ки дорои илм ва огоҳ ба ҳама умур ва оқибати он аст. Ҳаким касе аст, ки ҳамди фаровон, қудрати комил ва раҳмати фаровон дорад. Ва ҳар чизро ба ҷойи муносиби он қарор медиҳад, ки ба он наметавонед эътироз кард. Ҳикмати Парвардигор бар ду навъ аст:
1.Ҳикмат дар офариниш, ки тамоми офаридаҳоро ба беҳтарин низом офарид ва тартиби комилро ба онҳо дод. Ва ҳар махлуқро ба гунае, ки шоистаи он аст, офарид. Ба ҳар махлуқоти шакли муносиб дод. Ҳеҷ камбудӣ ва ноқисие дар офариниши Ӯ дида намешавад. Агар ҳама махлуқоти аз аввал то охир ҷамъ шаванд ва ақлҳои худро ба кор баранд, то офаринише ба монанди офариниши Аллоҳ пешниҳод кунанд, нахоҳанд тавонист. Аллоҳ таъоло ба бандагонаш фармон дод, то ба офариниши Ӯ бингаранд.
2.Ҳикмати Парвардигор дар шариъат ва фармонҳои Ӯ қонунҳоро гузошт ва китобҳоро нозил фармуд ва Паёмбаронро фиристод то бандагон Аллоҳро бишносанд ва ибодат бикунанд. Парастиш ва ситоиши Парвардигор бузургтарин саъодат ва сабаби оромиш ва хурсандии қалбҳо ва рӯҳост. Агар дар фармону қонуни Илоҳӣ ба ҷуз ҳикмат чизи дигаре вуҷуд надошта бошад, боз ҳам он кофӣ аст. Зеро ин ҳикмат асоси хубиҳо ва комилтарин лаззатҳо мебошад. Ва офариниши биҳишту дӯзах ва ҳам офариниши мардум ба хотири ҳамин будааст. Аллоҳ таъоло дар аҳкоми тақдир, шариъат ва ҷазоии Худ боҳикмат аст. Пас ҳар хайр ва шарр ва гуноҳон мутаъаллиқ ба тобеъи ҳукми тақдирӣ ҳастанд ва ончи Аллоҳ дӯст медорад тобеъ ва мутааллиқ ба ҳукми шаръӣ мебошад. (Ал-Ҳақ Ал-Возеҳул-мубин: 48,56).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٣٠_٢١-١١-٤٠.jpg | Download |
«Ал-Ҳаким»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device