
«Ал-Ҳакам»
«الحكم» «Ал-Ҳакам» Ал-Ҳакам ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ он зотест, ки дар миёни бандагонаш дар дунё ва охират ба адлаш, дар шаръаш ва тақдираш ва ҷазо доданаш Доварӣ мекунад. Номи Ал-Ҳакам як бор, аммо номи Хайр-ул Ҳокимин панҷ бор омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "(Эй Паёмбар бигӯ): Оё...
«Ал-Ҳакам»
«الحكم»
«Ал-Ҳакам»
Ал-Ҳакам ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ он зотест, ки дар миёни бандагонаш дар дунё ва охират ба адлаш, дар шаръаш ва тақдираш ва ҷазо доданаш Доварӣ мекунад. Номи Ал-Ҳакам як бор, аммо номи Хайр-ул Ҳокимин панҷ бор омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "(Эй Паёмбар бигӯ): Оё ғайри Аллоҳро ба доварӣ талаб кунам?". (Анъом:114). Ва фармудааст: "Ва Ӯ беҳтарини Ҳукмкунандагон аст". (Юнус: 109). Ва фармуд: “То вақте ки Аллоҳ дар миёни мо ҳукм кунад, сабр кунед ва Ӯ беҳтарин Ҳукмкунандагон аст”. (Аъроф:87). Паёмбар ﷺ фармуданд: “Аллоҳ Қозӣ ва Довар аст ва Ҳукм ва Доварӣ ба Ӯ бармегардад”. Ва Аллоҳ фармуд: “(Бигӯ:) «Оё ба ғайри Аллоҳ дигареро ҳукмкунанда талаб кунем», ва ҳол он ки Ӯст, ки нозил кард ба сӯйи шумо Китоби возеҳшударо?”. (Анъом:114). Аллоҳ таъоло он зотест, ки дар дунё ва охират миёни бандагонаш ба адолат доварӣ менамояд. Ӯ ба андозаи заррае ситам намекунад ва гуноҳи касеро бар гардани каси дигаре намегузорад. Ҳар ҳаққеро ба соҳиби он медиҳад. Аллоҳ дар тақдири Хеш Одил аст. Тамоми гуфтаҳои Парвардигор адолат аст. Аллоҳ фармуд: “Рӯзи қиёмат тарозуи адлро дар миён ниҳем, пас бар ҳеҷ кас ҳеҷ ситам карда нашавад, ва агар амал ҳамсанги донаи сипанд бошад, онро ҳозир кунем. Ва Мо Худ Ҳисобрасиро, Басандаем”. (Анбиё:47). Аллоҳ таъоло дар васф, кор, гуфтор ва дар ҳукми Худ Одил аст. Аллоҳ фармуд: “Ҳароина, ман бар Аллоҳе, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, таваккул кардам. Ҳеҷ ҷунбандае нест, магар ӯро Парвардигор аз мӯйи пешониаш фаро гирифтааст, ҳароина, Парвардигори ман ба роҳи рост аст”. (Ҳуд:56).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-١٧-١٣.jpg | Download |

«Ал-Ҳакам»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device