
«Ал-Ҳаййу»
«الحي» «Ал-Ҳаййу» Ал-Ҳаййу ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, он Зиндае аст, ки намемирад ва ҳаёти Ӯ субҳонаҳу ва таъоло комилтарин ҳаёт аст. Ӯ таъоло ҳама сифатҳои камолро лозим мегирад ва зидди онро аз ҳамаи ваҷҳ нафӣ мекунад ва камоли ҳаёти Ӯ лозим мегирад, ки Ӯро ғанаб ва хоб намегирад....
«Ал-Ҳаййу»
«الحي»
«Ал-Ҳаййу»
Ал-Ҳаййу ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, он Зиндае аст, ки намемирад ва ҳаёти Ӯ субҳонаҳу ва таъоло комилтарин ҳаёт аст. Ӯ таъоло ҳама сифатҳои камолро лозим мегирад ва зидди онро аз ҳамаи ваҷҳ нафӣ мекунад ва камоли ҳаёти Ӯ лозим мегирад, ки Ӯро ғанаб ва хоб намегирад. Ал-Ҳаййу ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим панҷ маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Аллоҳ Илоҳест, ки ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Ӯ нест, Зиндаву Тадбиркунандаи олам аст". (Сураи Бақара:255). Ва фармудааст: “Аллоҳ Илоҳест, ки ҳеҷ маъбуде сазовори ибодат нест, магар Ӯ, Зиндаву Поянда ва Тадбиркунандаи олам аст”. (Сураи Оли Имрон:2). Ва фармудааст:“Ва ниёиш кунад чеҳраҳои мардум барои Зиндаи Поянда, ҳароина, ҳар касе ки бори ситамро бардошт, ба матлаб нарасид”. (Сураи Тоҳо:111). Ал-Ҳаййу ҷалла ҷалолуҳу, яъне зиндае, ки ҳаёти Ӯ комил аст. Ва ин ҳама сифоти зоти Парвардигорро ба монанди Илм, Қудрат, Азамат, Ирода ва дигар сифоти зоти муқаддасро шомил мешавад. Ва ба мо воҷиб аст, ки ба он зоте такия намоем, ки намемирад. Аллоҳ фармуд: “Ва таваккул кун бар он зоти Зинда, ки ҳаргиз намирад ва ҳамроҳи ситоиш Ӯро ба покӣ ёд кун ва ба гуноҳони бандагони хеш огоҳии Вай басанда аст”. (Сураи Фурқон:58). Ва фармудааст:“Ӯ зинда аст. Нест ҳеҷ маъбуди барҳақ, магар Ӯ. Пас барои Ӯ дар ҳоле, ки динро холискунандагон бошед, Ӯро ибодат кунед. Ҳама ситоиш аз они Аллоҳ аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст”.(Сураи Ғофир:65). Ва маънои Ҳай ҷалла ҷалолуҳу чунин аст, ки фармуд: “Аллоҳ хост кореро, ки шуданӣ буд, ба анҷом расонад ва то касе ки ҳалок шуданӣ аст, аз рӯи ҳуҷҷати равшан ҳалок шавад ва касе ки зинда монданӣ аст, аз рӯи ҳуҷҷати равшан зинда монад. Ва ҳароина, Аллоҳ Шунаво ва Доност”. (Сураи Анфол:42).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٥٤-٠١.jpg | Download |

«Ал-Ҳаййу»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device