«Ал-Қариб»
«القريب» «Ал-Қариб» Ал-Қариб ҷалла ҷалолуҳу. Яъне Ба ҳар як нафар ба илм ва иҳотааш қариб аст ва ба парастандагонаш, соилонаш ва дӯстдоронаш ба нусрату қувват додан ва дуои ононро иҷобат кардан қариб аст. Ал-Қариб ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим се маротиба зикр шудааст. Аллоҳ...
«Ал-Қариб»
«القريب»
«Ал-Қариб»
Ал-Қариб ҷалла ҷалолуҳу. Яъне Ба ҳар як нафар ба илм ва иҳотааш қариб аст ва ба парастандагонаш, соилонаш ва дӯстдоронаш ба нусрату қувват додан ва дуои ононро иҷобат кардан қариб аст. Ал-Қариб ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим се маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд:"Ва ҳаргоҳ бандагонам аз ту дар бораи Ман бипурсанд, бигӯ: Ба ростӣ Ман қарибам". (Сураи Бақара:186). Ва инчунин фармудааст: “Ӯ шуморо аз замин пайдо кард ва шуморо дар он бошанда (ободкунанда) гардонид, пас, аз Вай талаби омурзиш кунед, боз ба сӯйи Ӯ руҷӯъ кунед, ҳароина, Парвардигори ман Наздик ва иҷобаткунандаи дуо аст!”. (Сураи Ҳуд:61). Яке аз номҳои Аллоҳ таъоло Ал-Қариб (яъне, наздик) аст. Наздикии Ӯ ду навъ аст: 1. Наздикии ом, ки он ин аст, илм ва огоҳии Ӯ ҳама чизро иҳота намуда ва дарбар гирифтааст. Огоҳӣ ва илми Ӯ ба инсон аз раги гардан ҳам наздиктар аст. 2. Наздикии хос, яъне ба ин маъно, ки муҳаббат ва ёрии Ӯ ба дуокунандагон ва ибодатгузорон наздик мебошад. Аллоҳ фармуд: “Ва ҳар вақто бандагони Ман туро, аз ҳоли Ман савол кунанд, пас ҳароина, Ман наздикам, дуъои дуъокунандаро, вақте ки Маро дуъо мекунанд, қабул мекунам”. (Сураи Бақара:186). Пас аз дарки маъноҳои наздикии ом ва хос, байни ин ки Аллоҳ бар болои Арш аст ва байни ин, ки наздик аст, зиддияте вуҷуд надорад. Пас Аллоҳ Парвардигорест, ки дар Наздик буданаш Пок аст. Боло ва бартар аст, бо вуҷуди боло буданаш Наздик аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Агар банда ба Ман як ваҷаб наздик шавад, Ман як зироъ ба ӯ наздик мешавам ва агар як зироъ ба Ман наздик гардад, Ман ба андозаи як боз кардани ду даст ба ӯ наздик мешавам. Агар қадамзанон ба сӯйи Ман биёяд, Ман давон-давон ба сӯяш меоям”. Бухорӣ ва Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٢١-٠٠.jpg | Download |
«Ал-Қариб»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device