«Ал-Ғанӣ»
«الغني» «Ал-Ғанӣ» Баъзе инсонҳо бо қасрҳои баландошёнаи худ ва ё бо мошинҳои боҳашамати худ ва ё бо пулҳое, ки дар банкҳо доранд, худро бой ҳисобида фахр мекунанд. Аммо ҳақиқат инҷост, ки танҳо Аллоҳ таъоло Ғанӣ аст, яъне бой аст. Аллоҳ бо зоти Худ аз ҳар чизи дигар бой аст. Ҳама...
«Ал-Ғанӣ»
«الغني»
«Ал-Ғанӣ»
Баъзе инсонҳо бо қасрҳои баландошёнаи худ ва ё бо мошинҳои боҳашамати худ ва ё бо пулҳое, ки дар банкҳо доранд, худро бой ҳисобида фахр мекунанд. Аммо ҳақиқат инҷост, ки танҳо Аллоҳ таъоло Ғанӣ аст, яъне бой аст. Аллоҳ бо зоти Худ аз ҳар чизи дигар бой аст. Ҳама чиз муҳтоҷи Аллоҳ ҳастанд. Ва Ғанӣ будан мутлақ аст, ки Аллоҳ таъоло ҳеҷ касро ба Худ шарик намекунад. Пас дар ҳақиқат Аллоҳ таъоло бо қудрати подшоҳиаш аз дигарон бениёз аст. Ва ҳама халқ дар ато ва эҳсонаш дар назди Ӯ фақир ҳастанд. Аллоҳ дар Қуръон фармуд: “Эй мардумон, шумо ба Аллоҳ муҳтоҷ ҳастед ва ҳамоно Аллоҳ бениёз ва сутудакор аст”. Фотир:15. Пас чихел Ӯ Ғанӣ набошад, ки ҳама чиз дар ин олам мулки Ӯст ва дар зери тадбири Ӯ мебошанд. Аллоҳ фармуд: “Ӯрост ончи дар осмонҳост ва ончи дар замин ва ончи дар миёни инҳо ва ончи зери хоки намнок аст”. Тоҳо:6. Одилӣ ва Ғанӣ будани Парвардигор ин аст, ки Ӯ таъоло соҳиб, фарзанд ва шарик надорад. Аллоҳ фармуд: “Кофирон гуфтанд: Аллоҳ фарзанд гирифтааст, Ӯ пок ва бениёз аст”. Юнус:68. Ва фармуд: “Ва Парвардигори ту бениёз ва соҳиби Раҳмат аст”. Анъом:133. Ва аз Ғанӣ будани Аллоҳ ин аст, ки ба Ӯ таъоло куфри кофирон ва гуноҳи гунаҳкорон зараре намерасонад. Аллоҳ фармуд: “Ва ҳарки шукргузорӣ кунад, ҷуз ин нест, ки барои нафъи хеш шукргузорӣ мекунад. Ва ҳарки носипосӣ кунад, пас Парвардигори ман Бениёзу Карим аст”. Намл:40. Аз назди Ӯ таъоло ба инфоқ кардан чизе кам намегардад. Аллоҳ дар ҳадиси Қудсӣ чунин фармуд: “Эй бандагонам, агар аввалини шумо ва инси шумо ва ҷинни шумо, дар як макон ҷамъ шаванд ва ҳар яке аз онҳо ончи мехоҳанд аз ман бипурсанд ва ман онро ато намоям, пас аз мулки ман чизе кам намегардад, магар ба мисли он аст, ки сӯзанеро ба баҳр дохил карда шавад”. Муслим.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٢٥-١٣.jpg | Download |
«Ал-Ғанӣ»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device