
«Ал-Фаттоҳ»
«الفتاح» «Ал-Фаттоҳ» Ал-Фаттоҳ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ таъоло Довар дар миёни бандагонаш аст, ки дарҳои ризқ ва раҳматро барои онон мекушояд. Ал-Фаттоҳ ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръон як маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Бигӯ:Парвардигори мо дар рӯзи қиёмат миёни мо ҷамъ хоҳад...
«Ал-Фаттоҳ»
«الفتاح»
«Ал-Фаттоҳ»
Ал-Фаттоҳ ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ таъоло Довар дар миёни бандагонаш аст, ки дарҳои ризқ ва раҳматро барои онон мекушояд. Ал-Фаттоҳ ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръон як маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Бигӯ:Парвардигори мо дар рӯзи қиёмат миёни мо ҷамъ хоҳад кард, сипас ба ростӣ миёни мо ҳукм мекунад ва Ӯ Ҳукмкунандаи Доност". (Сураи Сабо, ояти: 26). Фотиҳ, яъне Ҳоким ва Қозӣ ва Фаттоҳ сиғаи муболаға аст. Пас Фаттоҳ, яъне Довари Некӯкор ва Бахшанда. Ва Доварии Парвардигор бар ду навъ аст: 1. Доварӣ ва қазовати Ӯ бо фармони динӣ ва ҳукми ҷазоии Ӯ таъоло. 2. Доварии Ӯ бо ҳукми тақдири Ӯ таъоло. Доварӣ ва қазовати Ӯ бо фармони динӣ ва ҳукми ҷазоии Ӯ, ҳамон шариъат ва қонуни Ӯст, ки бар забони Паёмбаронаш ҳама он ниёзҳои мукаллафонро баён намудааст, ки онҳо ба василаи он ба роҳи рост ҳаракат мекунанд. Аммо доварии Ӯ аз роҳи ҷазо додан ин аст, ки миёни Паёмбарон ва мухолифонашон ва миёни дӯстон ва душманонашон доварӣ менамояд ва Паёмбарон ва пайравонашонро мавриди бузургдошт қарор дода наҷот медиҳад ва душманонашонро хор гардонида ҷазо медиҳад. Ҳамчунин дар рӯзи қиёмат дар миёни мардум доварӣ менамояд. Ва ба ҳар кас ба таври комил подоши корашро медиҳад. Аммо доварии тақдири Ӯ таъоло, ин хайру шарр ва фоидаву зиёне аст, ки барои бандагонаш муқаррар дошта аст. Аллоҳ таъоло фармуд: “ Он чӣ Парвардигор барои мардум аз Раҳмат кушода созад, пас, ҳеҷ боздорандае онро нест ва он чӣ боздорад, пас, онро баъд аз Вай кушояндае нест. Ва Ӯст Ғолибу Боҳикмат”. (Сураи Фотир:2). Пас Аллоҳ таъоло Довар ва Қозии Доное аст, ки хазинаҳои бахшиш ва карами Худро барои бандагонаш мекушояд ва акси инро ба сӯйи душманонаш сарозер менамояд ва ин мувофиқи Фазл ва Адли Ӯст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٥٧-٢٨.jpg | Download |

«Ал-Фаттоҳ»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device