«Ал-Муҷиб»
«المجيب» «Ал-Муҷиб» Ал-Муҷиб ҷалла ҷалолуҳу. Яъне он зоте аст, ки дар муқобили дуо ва суол ато, қабул ва истиҷобат мекунад. Ӯ таъоло бузург ва пок аст. Ал-Муҷиб дар Қуръони карим як маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Ҳамоно Парвардигорам Наздик ва Иҷобаткунанда аст". (Сураи...
«Ал-Муҷиб»
«المجيب»
«Ал-Муҷиб»
Ал-Муҷиб ҷалла ҷалолуҳу. Яъне он зоте аст, ки дар муқобили дуо ва суол ато, қабул ва истиҷобат мекунад. Ӯ таъоло бузург ва пок аст. Ал-Муҷиб дар Қуръони карим як маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Ҳамоно Парвардигорам Наздик ва Иҷобаткунанда аст". (Сураи Ҳуд: 61). Яке аз номҳои Аллоҳ таъоло Ал-Муҷиб аст, ки дуои дуокунандагон ва хостаҳои ҷӯяндагон ва ибодат бандагони фармонбардорро қабул мекунад. Иҷобат ва қабули Ӯ бар ду навъ аст: 1. Иҷобати ом, ки дуои ҳар касеро, ки чизе аз ӯ бихоҳад ва ё Ӯро ба қасди парастиш садо бикунад, иҷобат менамояд. Аллоҳ таъоло фармуд: “Парвардигори шумо мегӯяд; Маро ба фарёд бихонед, то бипазирам”. (Сураи Ғофир:60). Дуои дархост ин аст, ки банда бигӯяд: “Бор Илоҳо! Фалон чизро ба ман бидеҳ ва фалон чизро аз ман дур намо”. Ин дуоро шахси муъмини некукор ва шахси фосиқи гунаҳкор ҳарду мекунанд ва Аллоҳ таъоло тибқи ҳолати онҳо ва бо ҳикмати Худ, дуои ҳар касеро бихоҳад қабул мекунад. Бо ҳамин сабаб бо Раҳмату Карами Парвардигор ва фарогир будани эҳсони Ӯ, ки шахси некукор ва бадкорро дарбар мегирад, намоён мешавад. Аз ин рӯ фақат қабул шудани дуо бар хуб будани ҳолати дуокунанда далолат намекунад. Магар ин, ки чизе ҳамроҳи ӯ бошад, ки ба ростгӯйи ва ҳақ будани ӯ далолат кунад. Ба монанди дуо Паёмбарон, ки дар ҳаққи қавмашон ё бар зидди онҳо дуо мекарданд ва Аллоҳ дуои онҳоро иҷобат менамуд. Ва ин садоқат ва муҳтарам будани онҳо дар назди Аллоҳро далолат мекунад. 2. Иҷобати махсус, ки дорои чанд сабаб аст, аз он ҷумла, дуоҳо дар ҳолати сахтӣ ва балоҳо, ки Аллоҳ онро мепазирад. Аллоҳ фармуд: “Кист он, ки чун Ӯро бихонед, дармондаро иҷобат мекунад ва сахтиро мебардорад”. (Намл:62).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-١٩-١٢.jpg | Download |
«Ал-Муҷиб»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device