
«Ал-Муҳаймин»
«المهيمن» «Ал-Муҳаймин» Ал-Муҳаймин ҷалла ҷалолуҳу. Яъне Ӯ таъоло қоим бар амалҳо, ризқҳо ва аҷалҳои халқи Худ мебошад. Ва Ӯ ҳоли халқро медонад ва бар онҳо қодир, ҳифзкунанда ва ба илми Худ онҳоро иҳотакунанда аст. Ал-Муҳаймин ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони карим як маротиба омадааст....
«Ал-Муҳаймин»
«المهيمن»
«Ал-Муҳаймин»
Ал-Муҳаймин ҷалла ҷалолуҳу. Яъне Ӯ таъоло қоим бар амалҳо, ризқҳо ва аҷалҳои халқи Худ мебошад. Ва Ӯ ҳоли халқро медонад ва бар онҳо қодир, ҳифзкунанда ва ба илми Худ онҳоро иҳотакунанда аст. Ал-Муҳаймин ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони карим як маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: "Ӯст он Аллоҳе, ки нест ҳеҷ маъбуде магар Ӯ, подшоҳу аз ҳамаи айбҳо ниҳоят пок аст. Аз нуқсон солим, амондиҳанда, нигоҳбону ғолибу худихтиёру бузургвор аст. Аз шарик муқаррар кардани онҳо Ӯ пок аст". (Сураи Ҳашр: 23). Парвардигоре, ки бар чизҳои пӯшида ва ончи дар дилҳо пинҳон аст, огоҳ ва хабардор аст. Ӯ зоте аст, ки илм ва огоҳии Ӯ ҳар чизеро дар иҳота дорад. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва он касе ки аз аҳли Миср Юсуфро харид, ба зани худ гуфт: «Гиромӣ дор ҷои ӯро, шояд, ки моро нафъ диҳад ё ӯро фарзанд гирем». Ва ҳамчунин Юсуфро дар замини Миср ҷой додем ва то ба ӯ илми таъбири хобҳоро биёмӯзонем ва Аллоҳ ба амри Худ ғолиб аст, ва лекин бештари мардум намедонанд”. (Сураи Юсуф:21). Имом Бағавӣ раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: (Муҳаймин, яъне он зоте аст, ки Муроқиб ва Гувоҳ бар амалҳои бандагонаш мебошад. Ва ин қавли Ибни Аббос, Муҷоҳид ва дигарон аст, ки яъне Муҳаймин ба маънои Муроқиб аст). Дар Қуръони карим қиссаи Мусо алайҳис салом ва Фиръавн омадааст, ки дар он Муроқиб будани Аллоҳ таъоло хабар медиҳад, Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва ба сӯи модари Мӯсо илҳом фиристодем, ки «Шир бидеҳ ӯро, пас, чун бар вай битарсӣ, ӯро дар дарё бияндоз ва матарс ва андӯҳ махӯр, ҳаройина, Мо ӯро ба сӯи ту бозрасонанда ва ӯро аз пайғамбарон гардонанда ҳастем!”. (Сураи Қасас:7). Ва фармудааст: “Ва ба ростӣ ба сӯйи ту Китобро фурӯ фиристодем, он чӣ аз китобе ки пеш аз вай буд, боваридоранда ва нозиру нигаҳбон бар вай аст”. (Сураи Моида:48).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٣٤-٣٣.jpg | Download |

«Ал-Муҳаймин»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025