«Ал-Муъмин»
«المؤمن» «Ал-Муъмин» Ал-Муъмин ҷалла ҷалолаҳу. Яъне Ӯ он зоте аст, ки Худашро бо сифоти камол ва ҳам бо камоли мутлақ, ки дар зебои сутуда аст, васф мекунад. Он Парвардигоре, ки Паёмбаронашро фиристод ва китобҳояшро бо нишонаҳо ва далелҳо нозил кард. Ва Паёмбаронашро бо далелҳо...
«Ал-Муъмин»
«المؤمن»
«Ал-Муъмин»
Ал-Муъмин ҷалла ҷалолаҳу. Яъне Ӯ он зоте аст, ки Худашро бо сифоти камол ва ҳам бо камоли мутлақ, ки дар зебои сутуда аст, васф мекунад. Он Парвардигоре, ки Паёмбаронашро фиристод ва китобҳояшро бо нишонаҳо ва далелҳо нозил кард. Ва Паёмбаронашро бо далелҳо ва ҳуҷҷатҳо, ки онҳо содиқ ҳастанд, тасдиқ намудааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ӯст он Аллоҳе, ки нест ҳеҷ маъбуде магар Ӯ, подшоҳу аз ҳамаи айбҳо ниҳоят пок аст. Аз нуқсон солим, амондиҳанда, нигоҳбону ғолибу худихтиёру бузургвор аст. Аз шарик муқаррар кардани онҳо Ӯ пок аст”. (Сураи Ҳашр:23). Ал-Муъмин ҷалла ҷалолаҳу ба маънои гувоҳидиҳанда аст, ки Аллоҳ таъоло фармуд: “Аллоҳ гувоҳӣ дод, ҳароина ҳеҷ маъбуди барҳақ ғайри Ӯ нест”. (Оли Имрон:18). Ин гувоҳии бузург ва тасдиқи бузург аст. Имом Муҷоҳид раҳимаҳуллоҳ гуфт: АлМуъмин он зоте аст, ки Худашро якто мегӯяд. Ва Ӯ он зоте аст, ки барои бандагонаш ваъдаҳои Худро тасдиқ мекунад. Аллоҳ фармудааст: “Ва муттақиён гӯянд: «Сипосу ситоиш аз они Аллоҳ аст, ки ваъдаи Худро бар мо рост гардонид ва моро аз замин мерос дод, ҳар ҷо ки бихоҳем аз Ҷаннат ҷой мегирем», пас, (Биҳишт) барои амалкунандагон чӣ хуб музди нек аст”. (Сураи Зумар:74). Ва фармудааст: “Сипас, ваъдаро дар ҳаққи онҳо рост кардем, пас онҳоро ва ҳар киро, ки хостем, бираҳонидем ва азҳадгузарандагонро ҳалок кардем”. (Сураи Анбиё:9). Ва фармудааст: “Аллоҳ ваъда кардааст ва Парвардигор ваъдаи Худро хилоф намекунад, валекин аксари мардум намедонанд”. (Сураи Рум:6). Ӯ таъоло гумонҳои бандагонашро гувоҳӣ медиҳад. АлМуъмин он зоте аст, ки мардум аз зулми Ӯ дар амон ҳастанд: “Ҳаройина, Аллоҳ бар мардум чизе ситам намекунад, валекин мардуманд, ки бар худ ситам мекунанд”. (Сураи Юнус:44).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٢.jpg | Download |
«Ал-Муъмин»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device