«Ал-Мутакаббир»
«المتكبر» «Ал-Мутакаббир» Ал-Мутакаббир ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ таъоло Бузург, Боазамат, Олитар ва Бартар аз сифатҳои халқаш аст. Ва Ӯ Ғолибу Пирӯз бар золимони онҳо ва ба ин исм ҷуз Ӯ субҳонаҳу ва таъоло касеро мадҳу ситоиш карда намешавад. Ал-Мутакаббир ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръон...
«Ал-Мутакаббир»
«المتكبر»
«Ал-Мутакаббир»
Ал-Мутакаббир ҷалла ҷалолуҳу. Яъне, Ӯ таъоло Бузург, Боазамат, Олитар ва Бартар аз сифатҳои халқаш аст. Ва Ӯ Ғолибу Пирӯз бар золимони онҳо ва ба ин исм ҷуз Ӯ субҳонаҳу ва таъоло касеро мадҳу ситоиш карда намешавад. Ал-Мутакаббир ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръон як маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Пирӯзманд, Ҷаббор (ҷубронкунанда) ва шоистаи Азамат ва Бузургӣ аст. Аллоҳ аз он чи барои Ӯ шарик меоваранд, пок аст". (Сураи Ҳашр:23). Пас Аллоҳ таъоло аз онҷо ки бузург аст, аз бадӣ, нуқсон, айб бартар мебошад. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Донои ниҳон ва ошкор аст, бузург ва баландмартаба аст”. (Сураи Раъд: 9). Ва фармудааст: “Ва назди Аллоҳ шафоъат суд намебахшад, магар барои касе ки барои ӯ дастуре дода бошад, то он гоҳ ки аз дилҳои онҳо изтироб дур карда шавад, гӯянд: Парвардигори шумо чӣ чиз фармудааст?. Гӯянд: «Сухани рост фармудааст ва Ӯ Баландмартабаву Бузург аст”. (Сураи Сабо:23). Ва фармудааст: “Бузургворӣ дар осмонҳову замин хоси Ӯст ва Ӯст Ғолибу Ҳаким”. (Сураи Ҷосия:37). Сиғаи дигари ин ном Ал Кабир ва Ал Акбар аст. Ал Мутакаббир яке аз номҳои зебои Аллоҳ буда дар Қуръони Карим ва аҳодиси Набавӣ зикр шудааст. Сифати кибриёиву такаббури вақте ба Аллоҳ нисбат дода шавад, як маъно аст ва вақте ба махлуқ нисбат дода шавад, маънои дигар дорад. Такаббурӣ ва кибриёӣ вақте ба Аллоҳ нисбат дода шуд, ин ба маъноест, ки Ӯ баландмартаба буда аз айбу нуқсон пок мебошад. Аллоҳ Мутакаббир аст, яъне кудрати мутлакро дорост ва Ӯ азалӣ мебошад ва Ӯ ба монанди махлуқот нест. “Ва ба фариштагон гуфтем: Одамро саҷда кунед!. Ҳама саҷда карданд ҷуз Иблис, ки рӯй гардонд ва бартарӣ ҷуст. Ва ӯ аз кофирон буд.(Бакара: 34). Дар мавриди кибру ғурур дар Қуръон оятҳо зиёданд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٤ (2).jpg | Download |
«Ал-Мутакаббир»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device