«Ал-Кофӣ»
«الكافي» «Ал-Кофӣ» Ал-Кофӣ ҷалла ҷалолуҳу, яъне Кофӣ будани Ӯ субҳонаҳу ва таъоло барои ҳамаи бандагонаш дар ризқи онон ва идораи умури онон ва ислоҳи корҳои онон ва Кофӣ будани Ӯ барои дӯстони мӯъминаш ва риоя ва қувват додани онон аст. Ал-Кофӣ ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим...
«Ал-Кофӣ»
«الكافي»
«Ал-Кофӣ»
Ал-Кофӣ ҷалла ҷалолуҳу, яъне Кофӣ будани Ӯ субҳонаҳу ва таъоло барои ҳамаи бандагонаш дар ризқи онон ва идораи умури онон ва ислоҳи корҳои онон ва Кофӣ будани Ӯ барои дӯстони мӯъминаш ва риоя ва қувват додани онон аст. Ал-Кофӣ ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим як маротиба омадааст. Аллоҳ таъоло фармудааст: "Оё Аллоҳ барои бандааш Кофӣ нест?! Туро ба онон, ки ғайри Илоҳанд, метарсонанд. Ва ҳар касро, ки Аллоҳ гумроҳ кунад, пас Ӯро ҳеҷ роҳнамояндае нест". (Сураи Зумар, ояти 36). Пас Аллоҳ таъоло бандагонашро дар тамоми ончи ба он ниёз доранд, Кофӣ ва Басанда аст. Ба таври хос муъминон ва касонеро кифоя мекунад, ки бар Ӯ таваккал намуда ниёзҳои динӣ ва дунявии худро аз Ӯ мехоҳанд. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ва Аллоҳ кофиронро бо хашмашон бозгардонид, ҳеҷ манфиате наёфтанд. Ва Аллоҳ дар муқаддимаи ҷанг аз тарафи мӯъминон кифоят кард. Ва Аллоҳ Тавонои Ғолиб аст”. (Сураи Аҳзоб, ояти 25). Ва фармудаааст: “Ҳамоно Мо туро аз шарри тамасхуркунандагон Басандаем)”. (Сураи Ҳиҷр, ояти 95). Ҳулаймӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: Ал-Кофӣ ҷалла ҷалолуҳу, яъне кифоят будани Ӯ ба ҳама чиз дар ягонагиаш воқеъият дорад. Ба мо ҷоиз нест, ки касеро ибодат кунем, магар Ӯро ва натарсем, магар аз Ӯ ва умед надошта бошем, магар аз Ӯ таъоло. Албатта Аллоҳ таъоло ба бандагонаш дар ризқ, зиндагӣ, ҳифз, нусрат ва иззат Кифоякунанда аст. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Пас агар аҳли китоб имон биёваранд, монанди ончи шумо имон овардед, пас роҳ ёфтанд ва агар баргаштанд, пас ҷуз ин нест, ки онҳо дар мухолифатанд. Пас зуд бошад, ки Аллоҳ туро аз шарри онҳо кифоят кунад ва Ӯ Шунавои Доно аст”. (Сураи Бақара, ояти 137).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٣٠_١٣-٤٩-٣٣.jpg | Download |
«Ал-Кофӣ»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device