
«Ал-Карим, ал-Акрам»
«الكريم الأكرم» «Ал-Карим, ал-Акрам» Ал-Карим, Ал-Акрам ҷалла ҷалолуҳу. Ал-Карим, яъне хайри бисёр ва фоидаи бузургоранда аст. Он зоте, ки бемуқобил эҳсон мекунад. Ва Ал-Акрам, яъне бисёр хайркунанда, ки бо ӯ карим баробар намешавад. Номи Ал-Карим дар Қуръони Карим се бор омадааст,...
«Ал-Карим, ал-Акрам»
«الكريم الأكرم»
«Ал-Карим, ал-Акрам»
Ал-Карим, Ал-Акрам ҷалла ҷалолуҳу. Ал-Карим, яъне хайри бисёр ва фоидаи бузургоранда аст. Он зоте, ки бемуқобил эҳсон мекунад. Ва Ал-Акрам, яъне бисёр хайркунанда, ки бо ӯ карим баробар намешавад. Номи Ал-Карим дар Қуръони Карим се бор омадааст, аммо номи Ал-Акрам як бор омадааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Чӣ туро нисбат ба Парвардигори Каримат мағрур сохта аст?".(Сураи Инфитор:6). Ва фармудааст: "Бихон ва Парвардигорат Каримтар (бузургвортар) аст. Он кас, ки бо василаи қалам инсонро илм омӯхт. Он чиро, ки инсон намедонист омӯхт".(Сураи Алақ:3,5). Ва фармудааст: “Ва ҳар, ки шукргузорӣ мекунад, ҷуз ин нест, ки барои нафъи хеш шукргузорӣ мекунад ва ҳар ки носипосӣ кунад, пас Парвардигори ман Бениёзу Карамкунанда аст”. (Сураи Намл:40). Неъматҳо ва эҳсонҳои Илоҳӣ ҳама аз осори Меҳрубонӣ ва Бахшиш ва Карами Ӯ мебошанд ва хубиҳои дунё ва охират ҳама аз нишонаҳои Раҳмати Ӯ ҳастанд. Шайхул Ислом раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: (Аллоҳ таъоло баъди баёни ин, ки Ӯ ҳама чизро офаридааст, Худашро ба Карам ва Бахшиш васф намудааст. Ва Худро Бузургвортар ва Бахшандатар номид, то равшан шавад, ки ба махлуқоташ неъмат медиҳад ва онҳоро ба ҳадафҳои писандида мерасонад. Чунончи фармудаааст: “Он Парвардигоре ки ҳама чизро биофарид, пас онҳоро дурустандом кард. Он Зоте, ки андоза кард, пас ба роҳи дуруст ҳидоят намуд”. (Сураи Аъло, ояти 2,3). Калимаи Карам ҳама хубиҳоро шомил мешавад ва мақсад аз он фақат бахшидан ва додан нест, балки ато ва бахшиш маънои онро комил мегардонад. Калимаи Акрам бар ин далолат менамояд, ки танҳо Ӯ Бахшандатар ва Бузургвортар аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١١-٥٧-٥٧.jpg | Download |

«Ал-Карим, ал-Акрам»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025