«Ал-Вадуд»
«الودود» «Ал-Вадуд» Ал-Вадуд ҷалла ҷалолуҳу. Яъне он зоте, ки Анбиё ва Расулонаш ва пайравони ононро дӯст медорад ва онон низ Ӯро дӯст медоранд. Ӯ маҳбубест, ки шоиста аст дар назди банда аз худаш, фарзандаш ва ҳамаи маҳбубҳояш дӯсдоштатар бошад. Ал-Вадуд ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони...
«Ал-Вадуд»
«الودود»
«Ал-Вадуд»
Ал-Вадуд ҷалла ҷалолуҳу. Яъне он зоте, ки Анбиё ва Расулонаш ва пайравони ононро дӯст медорад ва онон низ Ӯро дӯст медоранд. Ӯ маҳбубест, ки шоиста аст дар назди банда аз худаш, фарзандаш ва ҳамаи маҳбубҳояш дӯсдоштатар бошад. Ал-Вадуд ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони Карим ду маротиба зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд: "Аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед ва баъд ба сӯйи Ӯ баргардед, ҳамоно Парвардигорам Меҳрубону Дӯстдор аст". (Сураи Ҳуд:90). Ва фармуд: “Ва Ӯ Бахшанда ва Дӯстдори бандагони тавбакор аст”. (Буруҷ:14). Вадуд яъне, муҳаббати холис гирифташуда ва дӯстдори маҳбуб аст. Паёмбарон, фариштагон ва бандагони муъмини ҳеҷ чизеро бештар аз Ӯ таъоло дӯст намедоранд. Муҳаббати Аллоҳ бояд дар қалби банда бештар аз ҳама чиз бошад. Муҳаббати Аллоҳ рӯҳи амалҳо ва тамоми ибодати зоҳирӣ ва ботинист. Муҳаббати банда ба Парвардигораш фазл ва эҳсон аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва бузургтарин сабабе, ки банда ба василаи он ба бузургтарин муҳаббати Парвардигораш даст меёбад ин аст, ки Ӯро бисёр зикр кунад, ситоиш намояд, ба сӯйи Ӯ баргардад, ба Ӯ таваккал кунад, бо анҷом додани фаризаҳо ва нафлҳо худро ба Ӯ наздик намояд. Ва қавлу корашро холис барои розигии Парвардигор гардонад. Дар зоҳир ва ботин аз Паёмбар ﷺ пайравӣ намояд. Ҳамон тавре, ки Аллоҳ фармуд: “Бигӯ, агар Аллоҳро дӯст бидоред, аз ман пайравӣ бикунед, то Аллоҳ шуморо дӯст дорад”. (Оли Имрон:31). Ва фармуд: “Эй касоне, ки имон овардаед, касе ки аз шумо аз дини худ бозгардад, пас, наздик аст, ки Аллоҳ қавмеро меорад, ки Парвардигор онҳоро дӯст медорад ва онҳо Ӯро дӯст медоранд”. (Сураи Моида:54). Ва фармуд: “Аз мардум касоне ҳастанд, ки ба ғайри Аллоҳ ҳамтоёнро мегиранд ва онҳоро монанди дӯстии Аллоҳ дӯст медорад. Вале касоне, ки имон овардаанд, дар дӯст доштани Аллоҳ қавитаранд (яъне, Ӯро бештар дӯст медоранд)”. (Сураи Бақара: 165).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠٠-٠٩.jpg | Download |
«Ал-Вадуд»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device