«Ал-Алӣ, Ал-Аъло, Ал-Мутаъол»
«العلي الأعلى المتعال» «Ал-Алӣ, Ал-Аъло, Ал-Мутаъол» Аллоҳ таъоло фармуд: "Ва Ӯ Баландмартаба ва Бузург аст".(Бақара, ояти:255). Ва фармуд: "Номи Парвардигори Баландмартабаатро ба покӣ ёд кун". (Аъло, ояти:1). Ва фармуд: "Ӯ Донои ғайб ва ошкор, Бузургу Баландмартаба аст". (Раъд, ояти: 9)....
«Ал-Алӣ, Ал-Аъло, Ал-Мутаъол»
«العلي الأعلى المتعال»
«Ал-Алӣ, Ал-Аъло, Ал-Мутаъол»
Аллоҳ таъоло фармуд: "Ва Ӯ Баландмартаба ва Бузург аст".(Бақара, ояти:255). Ва фармуд: "Номи Парвардигори Баландмартабаатро ба покӣ ёд кун". (Аъло, ояти:1). Ва фармуд: "Ӯ Донои ғайб ва ошкор, Бузургу Баландмартаба аст". (Раъд, ояти: 9). Аллоҳ таъоло он зоте аст, ки барои Ӯ аз ҳама ваҷҳҳо дар зот, қадр, сифот, пирӯзмандӣ ва баландмартаба будан комил аст. Ӯ таъоло бар халқаш Олист ва ҳамаи чиз дар зери қаҳру султонии Ӯ мебошанд. Номи Ал-Алӣ ҳашт маротиба ва номи Ал-Аъло ду маротиба ва номи Ал-Мутаъол як маротиба дар Қуръон зикр шудааст. Бинобарин, барои Парвардигор тамоми мафоҳими улув ва бартарӣ аз ҳар ҷиҳат собит аст. Зоти Ӯ таъоло бартар ва болост. Ӯ фаротар аз ҳама махлуқот аст, ки дар болои Арш аст. Қадр ва ҷойгоҳи Ӯ таъоло волост. Сифот ва азамати Ӯ бартар ва болост. Ҳеҷ сифате аз сифоти махлуқ ба монанди сифати Ӯ таъоло нест, балки агар тамоми офаридаҳои Аллоҳ ҷамъ шаванд, наметавонанд баъзе аз мафоҳим ва маъонии як сифати Ӯ таъолоро комилан дарёбанд. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ва инсонҳо дар дониш ба Ӯ иҳота наёбанд”. Тоҳо:110. Аз ин рӯ равшан мешавад, ки Аллоҳ таъоло дар ҳама сифоташ ба ҳеҷ чизе монанд нест. Аллоҳ таъоло ягона Қаҳҳор аст, ки бо қудрат ва бартарии Худ бар тамоми махлуқот ғолиб аст. Ҳама махлуқот дар ихтиёри Ӯ таъоло ҳастанд. Ончи Аллоҳ нахоҳад, анҷом намеёбад. Аз ҳар ҷиҳат ҳама бандагон ба Ӯ таъоло ниёзманд ҳастанд. Агар тамоми инсонҳо барои сохтани чизе, ки Аллоҳ таъоло онро нахостааст, ҷамъ шаванд, наметавонанд коре бикунанд, зеро ин ҳама ба хотири камоли тавоноӣ ва нуфузи хости Ӯ таъоло аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٢٧-٥١.jpg | Download |
«Ал-Алӣ, Ал-Аъло, Ал-Мутаъол»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device