
«Ал-Алим Ал-Хабир»
«العليم الخبير» «Ал-Алим Ал-Хабир» Аллоҳ мефармояд: “Ва Ӯ болои бандагони Худ Ғолиб аст. Ва Ӯ Донои Огоҳ аст”. Анъом:18. Ал-Алим он зотест, ки илми Ӯ ошкорҳо ва пинҳонҳо ва розҳову эълонҳоро фаро гирифтааст, пас бар Ӯ ягон чиз пӯшида намемонад, он чизе, ки буд ва мебошад, онро медонад....
«Ал-Алим Ал-Хабир»
«العليم الخبير»
«Ал-Алим Ал-Хабир»
Аллоҳ мефармояд: “Ва Ӯ болои бандагони Худ Ғолиб аст. Ва Ӯ Донои Огоҳ аст”. Анъом:18. Ал-Алим он зотест, ки илми Ӯ ошкорҳо ва пинҳонҳо ва розҳову эълонҳоро фаро гирифтааст, пас бар Ӯ ягон чиз пӯшида намемонад, он чизе, ки буд ва мебошад, онро медонад. Номи Ал-Алим 157 маротиба дар Қуръони карим зикр шудааст. Аллоҳ фармуд: “Бегумон Аллоҳ таъоло ба ҳар чиз Огоҳ аст”. Анфол:75. Ӯ Доноест, ки Доноии Ӯ бар ҳар чиз иҳота дорад. Ӯ аз тамоми корҳои мумкин ва номумкин Бохабар аст. Аллоҳ аз чизҳое, ки вуҷуди он мумкин нест, Бохабар аст. Аллоҳ фармуд: “Агар дар осмонҳо ва замин ғайр аз Аллоҳи ягона маъбудоне чанд мебуданд, ҳатман осмонҳо ва замин табоҳ мегаштанд”. Анбиё:22. Ва фармуд: “Аллоҳ ҳеҷ фарзанд нагирифтааст ва ҳеҷ маъбуди дигар ҳамроҳи Ӯ нест. Онгоҳ ҳар маъбуде чизеро, ки офарида буд, мебурд ва ҳамоно баъзе аз онҳо бар баъзе ғолиб меомад. Покӣ аз они Аллоҳ аст, аз он чи баён мекунанд”. Муъминун:91. Ӯ Доное аст, ки доноӣ ва огоҳияш ҷаҳони боло ва поёнро иҳота намудааст ва ҳеҷ макон ва замоне нест, ки Ӯ бо он огоҳ набошад. Ӯ таъоло ошкор ва пинҳонро медонад, ҳамчуноне ки фармуд: “Албатта Аллоҳ ба ҳар чиз Доност”. Анфол:75. Ва ҳар заррачае дар осмонҳо ва замин аз нигоҳи Аллоҳ пинҳон намемонад. Ӯ таъоло на дар ғафлат мемонад ва на фаромӯш мекунад. Қудрат ва тавоноии мардум бе ягон асос ба қудрати Аллоҳ қобили муқоиса нест. Пас Аллоҳ таъоло аст, ки ба инсонҳо чизҳоро омӯзондааст, ки онро намедонистанд. Аллоҳ таъоло ояндаи ҷаҳонро медонад. Аҳволи инсонҳоро аз замоне, ки офарид ва миронид ва дар қиёмат зинда мекунад, медонад. Аллоҳ таъоло аз тамоми корҳои хубу бад ва савобу азоби мардум бохабар аст. Пас ҳеҷ чизе бар Ӯ пӯшида ва пинҳон нест.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٢_١٢-٤٦-٠١.jpg | Download |

«Ал-Алим Ал-Хабир»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device