« Ал-Азим »
« العظيم » « Ал-Азим » Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва ҳифзи он ду бар Ӯ гарон намеояд ва Ӯ Баландмартаба ва Бузург аст”. (Бақара:255). Аллоҳ таъоло Бузург аст ва дорои ҳар сифате мебошад, ки таъзим ва бузургдоштро воҷиб мегардонад. Аллоҳ таъоло сутуда ва болотар аз ситоиши бандагон аст....
« Ал-Азим »
« العظيم »
« Ал-Азим »
Аллоҳ таъоло фармуд: “Ва ҳифзи он ду бар Ӯ гарон намеояд ва Ӯ Баландмартаба ва Бузург аст”. (Бақара:255). Аллоҳ таъоло Бузург аст ва дорои ҳар сифате мебошад, ки таъзим ва бузургдоштро воҷиб мегардонад. Аллоҳ таъоло сутуда ва болотар аз ситоиши бандагон аст. Таъзиме, ки барои Аллоҳи ягона собит шудааст, ду навъ аст:
1.Ӯ таъоло ба ҳар сифати камол мавсуф аст. Дорои илм ва доноии фарогир аст. Аз Бузургии Парвардигор ин аст, ки осмонҳо ва замин дар кафи Ӯ хурдтар аз донаи нахуд ҳастанд. Аллоҳ фармудааст: “Аллоҳ осмонҳо ва заминро нигаҳ медорад ва намегузорад хориҷ ва нобуд шаванд. Ҳаргоҳ хориҷ ва нобуд гарданд, ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас наметавонад онҳоро нигаҳ ва маҳфуз бидорад”. (Фотир:41). Пас Азамат ва Кибирё аз они Ӯ таъолост. Ин ду сифат аст, ки ҳеҷ кас қадр ва андозаи онҳоро намедонад.
2.Танҳо Аллоҳ сазовори он аст, ки бандагонаш ба қалбҳо ва забонҳо ва бо аъзои баданашон Ӯро таъзим намоянд. Аллоҳ таъолоро бишносанд ва аз Ӯ битарсанд, Ӯро ҳамду ситоиш кунанд ва фармонбардорӣ намоянд ва сарпечӣ нанамоянд ва Ӯро ҳамеша ёд кунанд. Ва яке аз тасдиқи Бузург доштани Аллоҳ ин аст, ки замонҳо ва маконҳое, ки Аллоҳ онро муҳтарам қарор додааст, бузург бидонанд, Аллоҳ фармудааст: “Ва ҳар кас шаоири Аллоҳро бузург дорад, бегумон бузургдошти онҳо нишонаи парҳезгории қалбҳост”. (Ҳаҷ:32). Ва инчунин фармудааст: “Ва ҳар кас амр ва наҳйҳои Аллоҳро бузург ва муҳтарам дорад, пас дар назди Парвардигор чунин кор барои Ӯ беҳтар аст”. Ҳаҷ:30.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٣_١٥-٣٣-٢١.jpg | Download |
« Ал-Азим »
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device