
«Ал-Аввал, Ал-Охир, Аз-Зоҳир, Ал-Ботин»
«الأول الآخر الظاهر الباطن » «Ал-Аввал, Ал-Охир, Аз-Зоҳир, Ал-Ботин» Аллоҳ таъоло фармуд: “Ӯ Аввал (нахустини ҳама) ва Охирини ҳама ва Ошкору Ниҳон аст ва Ӯ ба ҳар чиз Доно аст”. Сураи Ҳадид:3. Аввале, ки пеш аз Ӯ чизе нест ва ҳамаи чиз ба ҷуз Ӯ вуҷуд надоштанд. Ва Охир ва боқие, ки...
«Ал-Аввал, Ал-Охир, Аз-Зоҳир, Ал-Ботин»
«الأول الآخر الظاهر الباطن »
«Ал-Аввал, Ал-Охир, Аз-Зоҳир, Ал-Ботин»
Аллоҳ таъоло фармуд: “Ӯ Аввал (нахустини ҳама) ва Охирини ҳама ва Ошкору Ниҳон аст ва Ӯ ба ҳар чиз Доно аст”. Сураи Ҳадид:3. Аввале, ки пеш аз Ӯ чизе нест ва ҳамаи чиз ба ҷуз Ӯ вуҷуд надоштанд. Ва Охир ва боқие, ки барои вуҷуди Ӯ охир нест ва баъд аз Ӯ чизе нест. Номи Аввал ва Охир дар Қуръони Карим як бор зикр шудааст. Ва Зоҳир, яъне бар ҳама чиз олист ва бар болои ҳамаи чиз аст, пас чизе аз Ӯ олитар нест. Ва Ботин, яъне наздиктар ба ҳама чиз аст, ки зери Ӯ чизе нест. Номи Зоҳир ва Ботин дар Қуръони Карим як бор зикр шудааст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бор Илоҳо! Ту Аввал ҳастӣ, ҳеҷ чизе пас аз Ту нест. Ва Ту Охир ҳастӣ ва баъд аз Ту чизе нест. Ва Ту Ошкор ҳастӣ ва бартар аз Ту чизе нест. Ва Ту Ниҳон ҳастӣ ва пинҳонтар аз Ту чизе нест”. Ин ҳадис далолат бар он мекунад, ки Ӯ таъоло дар камоли мутлақ ягона аст. Бинобарин бо ин тартиб Аввал ва Охир бар замон иҳотаи мутлақ дорад. Зоҳир ва Ботин бар макон иҳотаи мутлақ дорад. Пас Аввал бар ин далолат мекунад, ки тамоми чизҳо ба ғайри Ӯ таъоло аз нестӣ падид омадаанд. Аз рӯ банда бояд фазли Парвардигорро дар ҳар неъмати динӣ ва дунявӣ мавриди мулоҳиза қарор диҳад, чун Аллоҳ таъоло онро пайдо кардааст. Ва Охир бар он далолат мекунад, ки Ӯ таъоло сарваре аст, ки ҳама махлуқот барои рафъи ниёзҳои худ ба Ӯ рӯй меоранд ва ба Ӯ умедворанд ва аз Ӯ метарсанд ва ҳама хостаҳои худро аз Ӯ мепурсанд. Ва Зоҳир далолат бар Азамати Ӯ таъоло мекунад. Ва Ботин далолат аз розҳо, ниҳонҳо, сирри дарунӣ мекунад, ки Ӯ таъоло аз ҳама пӯшидаҳо огоҳ аст. Зоҳир ва Ботин бо ҳам зид нестанд, зеро ҳеҷ чизе ба монанди Аллоҳ таъоло нест.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ

«Ал-Аввал, Ал-Охир, Аз-Зоҳир, Ал-Ботин»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025