
АЛОҚАМАНДИИ АХЛОҚ БА ИМОН
علاقة الأخلاق بالإيمان АЛОҚАМАНДИИ АХЛОҚ БА ИМОН Агар ҳаргоҳ имон дар қалби инсон содиқона бошад, лозим аст, ки асари он дар амал ва ахлоқи инсон зоҳир гардад. Ҳасани Басрӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Албатта имон ин хушрӯ шудан ва ё таманнои онро намудан нест, балки имон чизе аст, ки...
АЛОҚАМАНДИИ АХЛОҚ БА ИМОН
علاقة الأخلاق بالإيمان
АЛОҚАМАНДИИ АХЛОҚ БА ИМОН
Агар ҳаргоҳ имон дар қалби инсон содиқона бошад, лозим аст, ки асари он дар амал ва ахлоқи инсон зоҳир гардад. Ҳасани Басрӣ раҳимаҳуллоҳ гуфт: “Албатта имон ин хушрӯ шудан ва ё таманнои онро намудан нест, балки имон чизе аст, ки дар қалб қарор гирифта ва дар амал содиқ аст”. (Мусаннафи Ибни Абушайба). Ҳарчи қадар имон комил гардад, ҳамон қадар ахлоқи инсон хубтар мегардад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Комилтарин муъминони имондор онҳое ҳастанд, ки хулқи хуб дошта бошанд”. (Абудовуд ва Тирмизӣ). Имон соҳибашро ба ахлоқҳои ҳамида такон медиҳад, ба мисли ҳурмати меҳмон ва муомилаи хуб бо ҳамсоягон. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳар касе, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, ҳамсояашро озор надиҳад. Ҳар касе, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, меҳмонашро икром кунад. Ҳар касе, ки ба Аллоҳ ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, пас бояд сухани нек бигӯяд ва ё хомӯш бошад. (Бухорӣ ва Муслим). Имон соҳибашро аз ҳар бадиву озорҳо нигаҳ медорад. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Мусалмон касе аст, ки дигар мусалмонон аз даст ва забони ӯ дар амон бошанд. Ва муъмини ҳақиқӣ касе аст, ки дар ӯ сифати имон таҳқиқ ёфта бошад. Ва аломати он дар ӯ зоҳир гардад, ки мардум аз ӯ дар амон бошанд, аз ӯ натарсанд, хуни онҳоро нарезонад, моли онҳоро нагирад, онҳоро надӯздад ва тамоми зарарҳоро тарк кунад”. (Тирмизӣ). Ва шахси муъмини насиҳаткунанда дар ҳама муомилаҳояш амин аст ва дар аҳду паймонҳояш вафокунанда аст. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Оне, ки амонат надорад, имон надорад ва оне, ки аҳд надорад, дин надорад”. (Аҳмад). Ва фармуданд:“Албатта шахси муъмин ба дигар бародари муъминаш ба мисли як бино аст, ки хишт ба хишт ба ҳамдигар пайваст аст”. (Бухорӣ ва Муслим). Ва фармуданд: “Албатта шахси муъмин бо ҳусни хулқи худ ба дараҷаву савоби шахси рӯзадор ва намози шабхон ноил мегардад”. (Абудовуд).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٠١-٠٦.jpg | Download |

АЛОҚАМАНДИИ АХЛОҚ БА ИМОН
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025