
АБУБАКРИ СИДДИҚ (разияллоҳу анҳу)
أبوبكر الصديق (رضي الله عنه) АБУБАКРИ СИДДИҚ (разияллоҳу анҳу) Агар дар кофтукови беҳтарин дӯст ва боикромтарин рафиқ бошӣ, пас ба мисли Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу пайдо карда наметавонӣ. Он шахс Абдуллоҳ ибни Абуқаҳофа, Усмон ибни Омир ибни Амри Қурайшӣ Таймӣ ҳастанд....
АБУБАКРИ СИДДИҚ (разияллоҳу анҳу)
أبوبكر الصديق (رضي الله عنه)
АБУБАКРИ СИДДИҚ (разияллоҳу анҳу)
Агар дар кофтукови беҳтарин дӯст ва боикромтарин рафиқ бошӣ, пас ба мисли Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу пайдо карда наметавонӣ. Он шахс Абдуллоҳ ибни Абуқаҳофа, Усмон ибни Омир ибни Амри Қурайшӣ Таймӣ ҳастанд. Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу аз тоҷирон наҷотёфта буданд. Ва донотарин инсон дар донистани насаби арабҳо буданд. Мардум он касро дӯст медошт. Хулқи нек ва зиндагии хуб доштанд. Оиша разияллоҳу анҳо гуфт: “Абубакри Сиддиқ дар замони ҷоҳилият нӯшидани арақро барои худ ҳаром гардонида буданд”. Аз аввалин шахсоне буданд, ки Ислом оварданд. Ва аз беҳтарин даъватгар ба сӯйи Ислом буданд. Бо даъваташон ҷамъе аз кибори саҳобагон Ислом оварданд. Аз ҷумлаи онҳо, Усмон ибни Аффон, Зубайр ибни Авом, Саъд ибни Абуваққос, Талҳа ибни Убайдуллоҳ, Абу Убайда ибни Ҷарроҳ разияллоҳу анҳум аҷмаъин. Баъзе аз мушрикони Макка ба Паёмбарии Муҳаммад ﷺ шак карданд. Вақте ки Паёмбар ﷺ ба онҳо аз ҳодисаи шаби Исро хабар доданд, Абубакри Сиддиқ гуфтанд: “Албатта ман он гуфтаи Расуллуллоҳро тасдиқ мекунам, гарчанде аз он сухан ҳам дида дуртар бошад ва ҳама хабари осмониро, ки дар шаб бошад ё рӯз тасдиқ мекунам”. Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу аз беҳтарин саҳобагон буданд. Ибни Умар разияллоҳу анҳумо гуфт: “Мо Абубакри Сиддиқро дар замони Паёмбар ﷺ аз беҳтаринҳо медонистем ва ихтиёри мо аввал Абубакри Сиддиқ, сипас Умар ибни Хаттоб, сипас Усмон ибни Аффон разияллоҳу анҳум буд”. Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу соҳиби Паёмбар ﷺ дар роҳи ҳиҷрат буданд ва Паёмбар ﷺ ро бо нафсу молашон ёрӣ медоданд. Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳуро Аллоҳ мадҳу ситоиш карда дар Қуръон чунин фармуд: “Он гоҳ, ки ин ду кас дар ғор буданд; он гоҳ, ки ёри худро (яъне, Абӯбакри Сиддиқро) мегуфт: «Андӯҳ махӯр, ба дурустӣ ки Аллоҳ бо мост». Тавба:40. Абубакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу баъди вафоти Паёмбар ﷺ халифаи мусалмонон гаштанд. Дар шаби сешанбе, моҳи Ҷумодус сонӣ, соли 13 юми ҳиҷрӣ дар Мадина вафот карданд, ки 63 сол умр доштанд. Ва дар паҳлуи Паёмбар ﷺ ба ҳуҷраи Оиша разияллоҳу анҳо дафн карданд. Аллоҳ таъоло аз он кас розӣ бошад.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٣_١٥-٣٣-٥١.jpg | Download |

АБУБАКРИ СИДДИҚ (разияллоҳу анҳу)
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device

( وماهو على الغيب بضنين ) viņš nav skops attiecībā uz atklāsmi, nedz arī slinko vēstījuma nodošanā un mācīšanā, bet gan sniedz visas zināšanas, kuras cilvēks ir gatavs saņemt, atšķirībā no zīlniekiem." Zīlnieki neko nedod, nemāca un nesniedz zināšanas, kuras apgalvo zinām, izņemot par samaksu.
April 22, 2025