📋Фарқи байни аҳли суннат ва ҷамоат аз аҳли нифоқ ва ихтилофандозон

الفرق بين السنة والمنافقين

اللغة الطاجيكية:

📘 Фарқи байни аҳли суннат ва ҷамоат ва аҳли нифоқ ва ихтилофандозон;

(Шайх Ҳайсам ибни Муҳаммад Сарҳон)

🔹 Имом Маҳдӣ кист:
• Аҳли суннат ва ҷамоат мегӯянд: “Имом Маҳдӣ марде аз хонаводаи Паёмбар ﷺ аст, ки ҳанӯз пайдо нашудааст. Аллоҳ ӯро дар як шаб ислоҳ мекунад”.

• Аҳли нифоқ ва ихтилофандозон мегӯянд; “Имом Маҳдӣ пинҳон аст, ки зиёда аз дувоздаҳ аср пеш ба ғоре дар Сомурро дохил шудааст ва дар охири замон берун меояд”.

🔹 Идҳо:
• Аҳли суннат ва ҷамоат мегӯянд:
“Дар Ислом танҳо Иди Фитр ва Иди Қурбон аст.

• Аҳли нифоқ ва ихтилофандозон мегӯянд: “Ошуро ид аст, яъне рӯзи кушта шудани Ҳусайн ва ҳам дигар муносибатҳо”.

🔹 Азон:
• Аҳли суннат ва ҷамоат мегӯянд:
“Паёмбар ﷺ азон гуфтанро ба Билол ва ба Ибни Умми Мактум (разияллоҳу анҳумо) таълим доданд”.

• Аҳли нифоқ ва ихтилофандозон мегӯянд: “Дар азон гуфтан иловаҳое ҳаст, ки гурӯҳе аз гурӯҳи дигар ва ҷойе аз ҷойи дигар фарқ мекунад”.

🔹 Саҷда:
• Аҳли суннат ва ҷамоат мегӯянд:
“Саҷда кардан бояд бар замин ва бар ҳар ҷойи пок бошад”.

• Аҳли нифоқ ва ихтилофандозон мегӯянд: “Ба хоки Карбало бояд махсус саҷда карда шавад”.

🔹 Ҳаҷ;
• Аҳли суннат ва ҷамоат мегӯянд: “Танҳо ба сӯйи Хонаи Каъба, ки дар Макка аст, ҳаҷ карда мешавад”.

• Аҳли нифоқ ва ихтилофандозон мегӯянд: “Дар Карбало ва ҳам дигар ҷойҳое, ки муқаддас аст, ҳаҷ анҷом дода мешавад”.

🔹 Зиёрати қабрҳо:
• Аҳли суннат ва ҷамоат мегӯянд: “Зиёрати қабрҳо барои ба ёд овардани марг ва ҳам дуо кардан дар ҳаққи мурдагон аст”.

• Аҳли нифоқ ва ихтилофандозон мегӯянд: “Зиёрати қабр барои талаби баракат аз қабрҳо ва ҳам барои талаби ёрӣ аз мурдагон ва дучор шудан ба ширк аст”.

🔹 Никоҳи мутъа:
• Аҳли суннат ва ҷамоат мегӯянд: “Никоҳи мутъа ҳаром аст, зеро Паёмбар ﷺ онро ҳаром кардаанд”.

• Аҳли нифоқ ва ихтилофандозон мегӯянд: “Никоҳи мутъа ҷоиз аст, агарчи он барои муддати кӯтоҳе бошад”.

🔹 Худро бо занҷир задан ва хун баровардани бадан:
• Аҳли суннат ва ҷамоат мегӯянд: “Задан ва ё зарар расондан ба худ ҷоиз нест”.

• Аҳли нифоқ ва ихтилофандозон мегӯянд: “Худро задан ва захмӣ кардан, махсусан дар рӯзи Ошуро, амали наздик шудан ба Парвардигор аст”.

Shopping Basket