
ШАБҲОИ ЗУЛҲИҶҶА - Чигуна ин рӯзҳоро истиқбол гирем?
ШАБҲОИ ЗУЛҲИҶҶА ليالي عشر ليالي ذو الحجة Чигуна ин рӯзҳоро истиқбол гирем? Аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: "Аллоҳ таъоло амали солеҳро дар ин рӯзҳо аз ҳар рӯзи дигар дӯст медорад". (яъне рӯзҳои моҳи Зулҳиҷҷа). Саҳобагон гуфтанд; Эй Расулуллоҳ,...
ШАБҲОИ ЗУЛҲИҶҶА - Чигуна ин рӯзҳоро истиқбол гирем?
ШАБҲОИ ЗУЛҲИҶҶА
ليالي عشر ليالي ذو الحجة
Чигуна ин рӯзҳоро истиқбол гирем?
Аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: "Аллоҳ таъоло амали солеҳро дар ин рӯзҳо аз ҳар рӯзи дигар дӯст медорад". (яъне рӯзҳои моҳи Зулҳиҷҷа). Саҳобагон гуфтанд; Эй Расулуллоҳ, ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ? Фармуданд: "Ҳатто ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, магар ин ки марде дар роҳи Аллоҳ ҳамроҳи ҷонаш ва молаш берун мешавад ва барнагардад". Амали солеҳ навъе аз ибодатҳо аст, ба мисли рӯза, закот, ҳаҷ,, зикр, такбир гуфтан, тиловати Қуръон кардан ва бахшиши ҳамдигар, некиҳо ва ғайраҳо.
МУҲИМТАРИН АМАЛИ ИН РӮЗҲО:
1. Рӯза гирифтан ба ғайр аз рӯзи даҳум. Аз баъзе ҳамсарони Паёмбар ﷺ ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ нӯҳ рӯзи аввали моҳи Зулҳиҷҷаро рӯза мегирифтанд" Ба хусус рӯза рӯзи Арафа, ки бо сабаби рӯзаи ин рӯз гуноҳони ду сола пок мегардад.
2. Ҳаҷ кардан аз беҳтарин амалҳо дар ин рӯзҳост. Ҳамчуноне, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: "Ҳаҷҷи қабулшуда мукофоте надорад, магар ҷаннат".
3. Қурбонӣ кардан, ки ин яке аз суннатҳои муаккада аст. Ҳар кас мехоҳад, қурбонӣ бикунад, бояд аз кутоҳ кардани мӯй ва гирифтани нохун пеш аз даромадани моҳи Зулҳиҷҷа худдорӣ намояд, то битавонад дар рӯзи Ид қурбонӣ намояд.
4. Бояд дар ин рӯзҳо зикр, таҳлил, такбир ва таҳмид зиёд гуфта шавад. Ва сифати такбир чунин аст: (Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Ло Илоҳа Иллаллоҳ, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар ва лиллоҳил ҳамд).
Забони Тоҷикӣ
اللغة الطاجيكية.
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٦-٠٧_٢١-٠٦-٣٠.jpg | Download |

ШАБҲОИ ЗУЛҲИҶҶА - Чигуна ин рӯзҳоро истиқбол гирем?
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device