
«Ас-Ситтир»
«الستير» «Ас-Ситтир» Ас-Ситтир ҷалла ҷалолуҳу, яъне он сатркуне, ки бар бандагонаш бисёр чизҳоро мепӯшонад ва дар машҳадҳо онҳоро расво намекунад, инчунин аз бандагонаш сатр кардан бар худашон ва аз он чи онҳоро бадном мекунад, дӯр шуданро дӯст медорад. Номи Ас-Ситтир ҷалла...
«Ас-Ситтир»
«الستير»
«Ас-Ситтир»
Ас-Ситтир ҷалла ҷалолуҳу, яъне он сатркуне, ки бар бандагонаш бисёр чизҳоро мепӯшонад ва дар машҳадҳо онҳоро расво намекунад, инчунин аз бандагонаш сатр кардан бар худашон ва аз он чи онҳоро бадном мекунад, дӯр шуданро дӯст медорад. Номи Ас-Ситтир ҷалла ҷалолуҳу дар Қуръони карим наомадааст, балки дар Суннат омадааст. Далел бар ин қавли Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, ки фармуданд: "Ҳамоно Аллоҳ азза ва ҷалла боҳаё ва бисёр сатркунанда аст". (Ривояти Абудовуд ва Насоӣ). Ин аз Раҳмат ва Карами Парвардигор аст, ки банда ошкоро дар баробари Ӯ таъоло гуноҳ мекунад, аммо Аллоҳи бениёз аз расво кардани банда ва гирифтор намудани Ӯ ба азоб, шарм менамояд. Ин дар ҳоле аст, ки банда сахт ниёз ба Аллоҳ дорад. Аллоҳ таъоло ба банда неъмат медиҳад, то аз он неъматҳои Илоҳӣ қувват бигирад, вале банда ба ҷойи итоат нофармонӣ мекунад. Бо ин ҳама ҳолат Аллоҳ таъоло айби бандаашро мепӯшонад ва ӯро расво наменамояд, балки ӯро мебахшад. Бинобарин, Аллоҳ таъоло бо додани неъмат ба бандагон муҳаббат менамояд, аммо онҳо бо анҷоми гуноҳон Ӯро норизӣ менамоянд. Хайр ва неъмати Парвардигор дар тамоми лаҳзаҳо ба сӯйи онҳо сарозер аст. Аммо бадии онҳо ба сӯйи Парвардигор боло меравад ва онҳо ҳамеша аз Аллоҳи Бузург нофармонӣ мекунанд. Аллоҳ таъоло аз касе, ки ҷавониашро дар Ислом пир намудааст, шарм мекунад, ки азобаш бидиҳад. Ва аз касе, ки дастҳояшро ба сӯйи Ӯ баланд менамояд, шарм мекунад, ки дастонашро холӣ баргардонад. Аллоҳ таъоло бандагонашро ба дуо кардан амр мекунад ва ба онҳо ваъдаи иҷобат медиҳад. Гунаҳкоронро Аллоҳ муҳлат медиҳад, то ки тавба кунанд. Ва гунаҳкорон бояд бидонанд, ки Аллоҳ таъоло онҳоро фаромӯш накардааст. Агар онҳо тавба накунанд, ба азоби дарднок гирифтор хоҳад кард.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٦-٠٣_١٧-٥٧-٤٦.jpg | Download |

«Ас-Ситтир»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device