
«Ҳамоно Ту дар рӯзе, ки ба он шакке нест, ҷамъкунандаи мардумон ҳастӣ»
إنك جامع الناس ليوم لا ريب فيه «Ҳамоно Ту дар рӯзе, ки ба он шакке нест, ҷамъкунандаи мардумон ҳастӣ» Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй Парвардигори мо, ҳамоно Ту дар рӯзе, ки ҳеҷ ба он шакке нест, ҷамъкунандаи мардумон ҳастӣ. Ба дурустӣ ки Аллоҳ ваъдаро хилоф намекунад”. (Сураи Оли Имрон,...
«Ҳамоно Ту дар рӯзе, ки ба он шакке нест, ҷамъкунандаи мардумон ҳастӣ»
إنك جامع الناس ليوم لا ريب فيه
«Ҳамоно Ту дар рӯзе, ки ба он шакке нест, ҷамъкунандаи мардумон ҳастӣ»
Аллоҳ таъоло фармуд: “Эй Парвардигори мо, ҳамоно Ту дар рӯзе, ки ҳеҷ ба он шакке нест, ҷамъкунандаи мардумон ҳастӣ. Ба дурустӣ ки Аллоҳ ваъдаро хилоф намекунад”. (Сураи Оли Имрон, ояти 9). Пас Ӯ таъоло аст, ки мардум, аъмол ва рӯзияшонро гирд меорад ва ҳеҷ амали хурд ва бузургеро раҳо намекунад, магар ин ки онро ҳисоб ва китоб мекунад. Ӯ таъоло ҷисми пароканда ва аз ҳам ҷудои мурдагонро бо камоли қудрат ва илми Худ гирд меоварад. Ҷамъкунандаи мардумон барои ҷазои рӯзе аст, ки бар он ҳеҷ шакку шубҳае нест. Аллоҳ таъоло аз ҳоли муъминон қисса карда чунин фармудааст: “Эй Парвардигори мо, он чиро ки ба забони Расули Худ ба мо ваъда кардаӣ, ба мо бидеҳ ва моро дар рӯзи қиёмат расво макун. Ба дурустӣ ки Ту ваъдаро хилоф намекунӣ”. (Сураи Оли Имрон, ояти 194). Инчунин фармудааст: “Ӯ он Парвардигоре аст, ки шуморо дар хушкӣ ва дар дарё равон мекунад, то вақте ки дар киштиҳо бошед ва киштиҳо бо саворони худ ба боди хуш равон шуданд ва онҳо ба он боди мувофиқ шодмон шуданд”. (Сураи Юнус, ояти 22). Рӯзе, ки Аллоҳ мардумро ҷамъ мекунад, дар он рӯз на аз шаҳодат ва на аз насаби инсон ва на аз молу мансаб пурсида намешавад, балки он рӯзе аст, ки танҳо қалби солим фоида медиҳад. Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ба дурустӣ ки Аллоҳ ҳамаи мунофиқон ва кофиронро якҷо дар дӯзах ба ҳам ҷамъ меорад”. (Сураи Нисо, ояти 140). Ва калимаи “Ҷомеъ” дар Қуръони Карим дар се оят зикр шудааст. Аллоҳ таъоло фармуд: “Ҷуз ин нест, ки муъминон онҳое ҳастанд, ки ба Аллоҳ ва ба Паёмбари Ӯ имон оварданд. Ва чун бо вай ба коре ҳамроҳ бошанд, ки ҷамъ кардани онҳоро металабанд, то ин ки аз Паёмбар иҷозат нагиранд, ба ҷойе нараванд”. (Сураи Нур, ояти 62).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٣٠_١٣-٤٧-٤٣.jpg | Download |

«Ҳамоно Ту дар рӯзе, ки ба он шакке нест, ҷамъкунандаи мардумон ҳастӣ»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device