
«Ал-Ҳафиз»
«الحفيظ» «Ал-Ҳафиз» Ал-Ҳафиз ҷалла ҷалолуҳу. Ӯ зотест, ки осмонҳо ва замин ва он чизе ва касе, ки дар он аст, ҳифз мекунад ва бар халқ амалҳояшонро ҳифз мекунад ва бандагони мӯъминашро аз ҳалокатҳо, шайтонҳо ва аз воқеъ шудани бар гуноҳҳо ҳифз мекунад. Номи Ал-Ҳафиз дар Қуръони...
«Ал-Ҳафиз»
«الحفيظ»
«Ал-Ҳафиз»
Ал-Ҳафиз ҷалла ҷалолуҳу. Ӯ зотест, ки осмонҳо ва замин ва он чизе ва касе, ки дар он аст, ҳифз мекунад ва бар халқ амалҳояшонро ҳифз мекунад ва бандагони мӯъминашро аз ҳалокатҳо, шайтонҳо ва аз воқеъ шудани бар гуноҳҳо ҳифз мекунад. Номи Ал-Ҳафиз дар Қуръони карим се маротиба омадааст. Аллоҳ фармуд: "Пас Аллоҳ беҳтарин Нигаҳбон аст". (Юсуф: 64). Ва фармуд: "Бегумон Парвардигорам бар ҳамаи чиз нигаҳбон аст". (Ҳуд:57). Ва фармуд: “Ҳамоно Парвардигори ман Муроқиб ва Мувозиби ҳар чизе аст”. (Сураи Ҳуд:57). Илм ва огоҳии Парвардигор ҳама ҳолатҳои зоҳирӣ ва ботинии бандагонро иҳота намуда ва аъмолашонро дар Лавҳул маҳфуз сабт кардааст. Ҳамчу аъмоли бандагон дар китобҳое, ки дар дасти фариштагон мебошанд, навишта мешавад. Аллоҳ аз тамоми ончи ки дӯст надоранд, ҳифз мекунад. Парвардигор ба ду сурат бандагонашро мавриди муҳофизат қарор медиҳад, яке муҳофизати ом ва дигаре муҳофизати хос. Муҳофизати оми Парвардигор ин аст, ки Ӯ тамоми махлуқотро ҳифозат мекунад. Аллоҳ фармуд: “Гуфт: Парвардигори мо Он аст, ки ба ҳар чизе сурати хоси ӯро дод, сипас ба ӯ роҳ намуд”. (Сураи Тоҳо:50). Яъне ҳар махлуқеро ба сӯйи ниёзҳо ва заруратҳояш, ки барои ӯ муқаррар намуда, ҳидоят кардааст. Ба монанди ҳидоят барои хӯрдан, нӯшидан, издивоҷ ва кору талошҳо ва ҳам дур кардани ҳама намуд ногувориҳо ва зиёнҳо аз онон. Дар ин навъи ҳидоят фосиқу некукор ва ҳатто ҳайвонот шариканд. Дуввум ҳифозати хос, ки Аллоҳ таъоло дӯстонашро аз ончи ки ба имони онҳо осеб мерасонад ва аз шубуҳот ва ва фитнаҳое, ки яқини онҳоро дигаргун мекунад, ҳифз намуда солим берун мекунад. Ва аз шарри душманон ҳифз намуда пирӯз мегардонад. Аллоҳ фармуд: “Албатта Парвардигор аз муъминон дифоъ мекунад”. (Ҳаҷ:38). Дар ҳадис омадааст: “Дини Аллоҳро ҳифз бикун, Аллоҳ туро ҳифз хоҳад кард”.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٢٦_١٢-٢٣-٣٢.jpg | Download |

«Ал-Ҳафиз»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device