
НОМҲОИ АЛЛОҲ МАҲСУР БА АДАДИ МУАЙЯН НЕСТ
أسماء الله الحسنى لا تنحصر بعدد معين НОМҲОИ АЛЛОҲ МАҲСУР БА АДАДИ МУАЙЯН НЕСТ Номҳои Аллоҳ таъоло маҳсур ва маҳдуд ба адади муайяне нест. Аллоҳ номҳо ва сифатҳое дорад, ки дар зумраи илми ғайб назди Худ ниҳон доштааст, ки онро на фариштаи муқарраб ва на анбиёву авлиё касе намедонад....
НОМҲОИ АЛЛОҲ МАҲСУР БА АДАДИ МУАЙЯН НЕСТ
أسماء الله الحسنى لا تنحصر بعدد معين
НОМҲОИ АЛЛОҲ МАҲСУР БА АДАДИ МУАЙЯН НЕСТ
Номҳои Аллоҳ таъоло маҳсур ва маҳдуд ба адади муайяне нест. Аллоҳ номҳо ва сифатҳое дорад, ки дар зумраи илми ғайб назди Худ ниҳон доштааст, ки онро на фариштаи муқарраб ва на анбиёву авлиё касе намедонад. Тавре, ки дар ҳадиси саҳеҳ ворид шудааст: "Мепурсам туро бо ҳама номҳое, ки ту дорӣ, Худро бо он номидаӣ ва ё онро дар китобат нозил кардаӣ ва ё бар касе аз халқат омӯзонидаӣ ва ё дар илми ғайб назди Худ ниҳон доштаӣ". (Ҳоким ва Аҳмад). Ибни Қаййим раҳимаҳуллоҳ дар китоби "Бадоеъ-ул-фавоид" мегӯяд: (Бинобарин мадлули ин ҳадис номҳои Аллоҳ бар се қисм аст: 1-Қисме аз номҳояш, ки Худро бо он номидааст ва бар баъзе аз фариштагон ва ё ғайри онон иттилоъ додааст, вале дар китобаш нозил накардааст. 2-Қисме, ки дар китобаш нозил кардааст ва бар бандагонаш иттилоъ додааст. 3-Қисме, ки зимни илми ғайб назди Худ ниҳон доштааст ва касеро аз он иттилоъ надодааст). Дар хадиси дигаре Паёмбар ﷺ мефармоянд: "Аллоҳ таъолоро наваду нӯҳ ном аст, як кам сад. Ҳар касе онро ҳифз намояд, дохили ҷаннат гардад". (Бухорӣ ва Муслим). Дар маънои ҳифз гуфтаанд: 1.Ба маънои шуморидан. Яъне онҳоро хифз намояд ва бо он номҳо Аллоҳро дуо кунад. 2. Ба маънои тоқат. Яъне битавонад онро муроъот намуда ҳудуди онро дар муомила бо Парвардигор муҳофизат кунад. 3. Ба маънои маърифат. Яъне онро бишносад ва маънои онро бифаҳмад ва ба он имон орад. Маротиби ҳифз сето аст: 1) Ҳифзи алфоз ва адади он. 2) Фаҳми маъно ва мадлулоти он. 3) Дуои Парвардигор бо он номҳояш. Ҳадиси мазкур далолат ба он намекунад, ки номҳои Аллоҳ маҳсур ба ин ададанд. Зеро агар мақсуд аз ҳадис маҳсур будани он бар ин адад бошад, Паёмбар ﷺ ба ҷои ибораи: "Аллоҳро наваду нӯҳ ном аст..." Чунин мегуфтанд: "Номхои Аллоҳ наваду нӯҳ то аст".
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-١٩_٠٨-٠٩-٤٢ (2).jpg | Download |

НОМҲОИ АЛЛОҲ МАҲСУР БА АДАДИ МУАЙЯН НЕСТ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device