
«Ал-Басир»
«البصير» «Ал-Басир» Ал-Басир дар Қуръони карим 11 маротиба зикр шудааст. Ал-Басир, яъне он зоте, ки биноии Ӯ ҳама диданиҳоро дар тамоми гӯшаҳои замин ва осмон иҳота намудааст. Ӯ ҳатто пинҳонтарин чизро мебинад. Роҳи рафтани мӯрчаи сиёҳ дар зери санги сиёҳ дар шаби зулумотро мебинад....
«Ал-Басир»
«البصير»
«Ал-Басир»
Ал-Басир дар Қуръони карим 11 маротиба зикр шудааст. Ал-Басир, яъне он зоте, ки биноии Ӯ ҳама диданиҳоро дар тамоми гӯшаҳои замин ва осмон иҳота намудааст. Ӯ ҳатто пинҳонтарин чизро мебинад. Роҳи рафтани мӯрчаи сиёҳ дар зери санги сиёҳ дар шаби зулумотро мебинад. Ва тамоми аъзои зоҳирӣ ва ботинии мӯрча ва ҳаракати ӯро мушоҳида мекунад. Ҳаракати обро дар шохи дарахтон ва решаҳояшон мебинад. Навъҳои гиёҳҳои хурд ва бузургро мебинад. Рагҳои борики мӯрча, занбӯр, пашша ва майдатарин ҳашаротро мебинад. Пас Ӯ таъоло Парвардигорест, ки дар Азамат ва Бузургӣ пок аст. Аллоҳ таъоло хиёнати чашмҳо ва ҳаракати қалбҳоро мебинад. Чуноне, ки дар Қуръони карим фармуд: “Он Парвардигоре, ки туро мебинад, ба он гуна, ки ба намози таҳаҷҷуд бармехезӣ ва ҳамчунин ҳаракати қиём ва рукӯъ ва саҷдаатро дар миёни саҷдакунандагон мебинад, чаро ки Ӯ Шунаво ва Огоҳ аст”. (Сураи Шуаро: ояти 218,220). Инчунин фармудааст: “Аллоҳ таъоло хиёнати чашмҳо ва он чиро, ки синаҳо пинҳон медоранд, медонад”. (Сураи Ғофир: ояти 19). Ва инчунин фармудааст: “Ва Аллоҳ бар ҳар чизе Ҳозир ва Нозир аст”. (Сураи Буруҷ: ояти 9). Яъне, Аллоҳ таъоло огоҳ аст ва илм ва биноӣ ва шунавоии Ӯ тамоми коинотро иҳота кардааст. Аллоҳ таъоло он зоте аст, ки Биноӣ ва Шунавоии Ӯ ҳама сир ва сӯҳбатҳои пинҳониро дарбар гирифтааст. Аллоҳ он зоте аст, ки гуфтори бандагонаш ва ба он чизе, ки халқаш сухан мекунанд, мешунавад ва мебинад, бинобарин бар Ӯ таъоло чизе пӯшида намемонад. Ва Ӯ Шунаво ва Биноест, ки дуои дуокунандагонро иҷобат мекунад. Аллоҳ дар Қуръон фармуд: “Ва Ӯ Шунаво ва Биност”. (Сураи Шуро: ояти 11).
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٥-٠٢_١٢-٥٠-٠٤.jpg | Download |

«Ал-Басир»
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device