
МОҲИ САФАР
شهر السفر МОҲИ САФАР Моҳи Сафар аз моҳҳои Аллоҳ таъоло аст. Ин моҳ аз дуввумин моҳи солшумории ҳиҷрӣ баъди моҳи Муҳаррам мебошад. Ин моҳе аст, ки дар он аввалин ғазва дар Ислом воқеъ шудааст ва он ғазваи Абво аст. Ва дар моҳи Сафари соли ҳафтуми ҳиҷрӣ Хайбар фатҳ гардид. Дар ин...
МОҲИ САФАР
شهر السفر
МОҲИ САФАР
Моҳи Сафар аз моҳҳои Аллоҳ таъоло аст. Ин моҳ аз дуввумин моҳи солшумории ҳиҷрӣ баъди моҳи Муҳаррам мебошад. Ин моҳе аст, ки дар он аввалин ғазва дар Ислом воқеъ шудааст ва он ғазваи Абво аст. Ва дар моҳи Сафари соли ҳафтуми ҳиҷрӣ Хайбар фатҳ гардид. Дар ин моҳ чанд шаҳрҳои давлати Форс фатҳ шуд ва он дар соли шонздаҳи ҳиҷрӣ буд. Ва аз корҳои замони ҷоҳилият, ки онро Ислом дигар кард, татаюр аст, (яъне фоли баду нек гирифтан дар ин моҳи Сафар). Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: “На сирояти беморӣ”, яъне гузаштани беморӣ аз касе ба каси дигар. Онҳо эътиқод доштанд, ки касалӣ худ ба худ ва на ба тақдирӣ Илоҳӣ ба дигарон мегузарад. Ва фармуданд: “Ва на фол гирифтан аз паррандае, ки шабона парвоз мекунад”. Онҳо эътиқод доштанд, ки агар ба хонаи касе парранда нишинад, ба онҳо мусибате меояд. Ва фармуданд: “Ва на сафар”, ки дар ин моҳи маъруф дар замони ҷоҳилият фоли нек ва фоли бад мегирифтанд, лекин ягон ҳодисае воқеъ намегардад, магар ин бо тақдири Илоҳӣ. Ин аз эътиқодҳои замони ҷоҳилият буд, ки Ислом онро ботил гардонд. Инчунин фармуданд: “На манозили моҳ”, яъне дар замони ҷоҳилият ба манозили моҳ фоли нек ва фоли бад мегирифтанд. Ва фармуданд: “Ва на ҷинну шайтонҳо”, яъне арабҳо эътиқод доштанд, ки ҷинну шайтонҳо онҳоро аз роҳ гумроҳ карда ҳалок мегардонад. Пас ин ҳадис ҳама бовариҳои нодурустро ботил намуда баён мекунад, ки онҳо наметавонанд касеро аз роҳ дур намуда ҳалок намоянд. Моҳи Сафар ба мисли дигар моҳҳои сол аст, ки дар ин моҳ некиву бадӣ воқеъ мешавад. Ҳама корҳо танҳо дар дасти Аллоҳ аст. Ҳеҷ ҳодисае намешавад, магар бо тақдири Илоҳӣ. Аллоҳ фармуд: “Бигӯ, ба мо ба ҷуз ончи Аллоҳ барои мо навиштааст, ҳаргиз чизе нарасад, Ӯ корсози мост. Ва муъминон бар Аллоҳ бояд, ки таваккул кунанд”. Тавба:51.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٣_١٧-٢٢-١٣.jpg | Download |

МОҲИ САФАР
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device