
ҲИКМАТИ АЗОН
الحكمة من الأذان ҲИКМАТИ АЗОН Азон огоҳӣ барои дохил шудани вақти намоз ва ташвиқи мардум ба намози ҷамоъат аст. Ва ҳам огоҳонидани ғофилон ва ёдоварии фаромӯшкорон барои адои намозе, ки он аз бузургтарин неъматҳост. Азон дар луғат ба маънои огоҳӣ ба дохил шудани вақти намоз...
ҲИКМАТИ АЗОН
الحكمة من الأذان
ҲИКМАТИ АЗОН
Азон огоҳӣ барои дохил шудани вақти намоз ва ташвиқи мардум ба намози ҷамоъат аст. Ва ҳам огоҳонидани ғофилон ва ёдоварии фаромӯшкорон барои адои намозе, ки он аз бузургтарин неъматҳост. Азон дар луғат ба маънои огоҳӣ ба дохил шудани вақти намоз бо зикри махсус аст . Аллоҳ фармуд:"Ва ин, эъломе (хабар ва огоҳие) аст, ки аз ноҳияи Аллоҳ ва Пайғамбараш ба умуми мардум, дар рӯзи Ҳаҷҷи Акбар (рӯзи иди Қурбон)". Тавба-3. Аввалин шахсе, ки азон гуфт, Билол ибни Рабоҳ (разияллоҳу анҳу) буд. Азон гуфтан дар соли аввали ҳиҷрати Паёмбар ﷺ ба Мадинаи Мунаввара ба шариъат дохил гардид. Ва сабабу иллати он ниёз ба он шуд, то аломате гузошта шавад, ки дохил шудани вақти намозро барои ҳама намоён созад. Мусалмонон дар ин маврид бо ҳам машварат намуданд ва шаб фаро расид, ки Абдуллоҳ ибни Зайд (разияллоҳу анҳу) дар хоб мардеро дид, ки зангӯлаи калони калисоро бардошта, барояш гуфт: Оё ин зангӯларо мефурӯшӣ? Он мард гуфт: Бо он чӣ кор мекунӣ? Гуфт: Бо он ба намоз даъват мекунам. Мард гуфт: Оё туро ба чизи беҳтар аз он раҳнамоӣ накунам? Абдуллоҳ ибни Зайд гуфт: Бале! Пас ҳамин азони машҳурро барояш омӯзиш дод ва сипас иқоматро низ ба вай омӯзонид". Дорамӣ. Абдуллоҳ ибни Зайд гуфт: Вақте, ки субҳ фаро расид, назди Расулуллоҳ ﷺ рафтам ва он чӣ дар хоб дида будам, қисса кардам. Пас Паёмбар ﷺ фармуданд:“Ин хоб ҳақ аст, ба хости Аллоҳ бархез ва ба Билол онро бифаҳмон, зеро садои вай аз садои ту беҳтар ва қавитар аст”. Абудовуд.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٢_٢٠-١٣-٥٩.jpg | Download |

ҲИКМАТИ АЗОН
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device