
СИРРИ ҚАБУЛИ ДУО
سر قبول الدعاء СИРРИ ҚАБУЛИ ДУО "Вақте ки Зуннун хашмнок рафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем. Ва дар торикӣ нидо кард: "Нест маъбуде ба ҷуз Ту, Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон будам". Анбиё-87. Паёмбар ﷺ фармуданд: "Ҳеҷ кас ба сахтие гирифтор намешавад ва дуои ӯ иҷобат...
СИРРИ ҚАБУЛИ ДУО
سر قبول الدعاء
СИРРИ ҚАБУЛИ ДУО
"Вақте ки Зуннун хашмнок рафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем. Ва дар торикӣ нидо кард: "Нест маъбуде ба ҷуз Ту, Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон будам". Анбиё-87. Паёмбар ﷺ фармуданд: "Ҳеҷ кас ба сахтие гирифтор намешавад ва дуои ӯ иҷобат мегардад, модоме ки ин дуоро бихонад; “Ло Илоҳа илло анта субҳонака инни кунту миназ золимин”, яъне "Парвардигоро! Нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Ту, Пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон будам". Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) гуфт: Вақте, ки Юнус алайҳис салом дар торикии шаб, торикии баҳр ва торикии шиками моҳӣ буд, ба Парвардигоре, ки Шунавову Доност, ҳеҷ чизе бар Ӯ дар осмонҳо ва замин пинҳон нест, рӯ ба сӯйи Ӯ кард, ки ин суннати муваҳҳидону мухлисон аст, чунин гуфт: "Бор Илоҳо! Ту дар улуҳият ягона ҳастӣ. Аз ҳама айбу нуқсон покӣ, албатта он амале, ки аз ман воқеъ шуд аз зулми Ту нест. Ту дар номҳои худ комил ҳастӣ. Ва сифатҳои Ту холӣ аз ҳама бадиҳост. Ман эътирофи гуноҳи худ кардам. Аз Ту талаби мағфирати гуноҳамро мепурсам. Ва аз ғаму сахтиҳо маро бо Лутфи Худ наҷот бидеҳ". Ин Дуо се матлаб дорад: 1. Исботи камоли улуҳият 2. Исботи камоли покии Парвардигор. 3. Эътирофи гуноҳу хатоҳо ва талаби мағфирати гуноҳ. Пас банда бояд ин дуоро дар ҳоли ғаму андуҳ ва сахтиҳо бисёр зикр бикунад. Албатта тавҳиду имон ва иқрор ба гуноҳ аз бузургтарин сабабҳои наҷот аз ҳалоккунандаҳои дунё ва охират аст. Банда бояд дар дуои худ ба Парвардигор гумони нек дошта бошад. Ва ҳам илоҷи ҳама бадиҳо имон ва амали солеҳ аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٤-٢٠_١٣-٠١-٣٢.jpg | Download |

СИРРИ ҚАБУЛИ ДУО
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device