
БАРТАРӢ ВА БУЗУРГИИ КАЛИМАИ "ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ”
فضل و تعظيم كلمة “لا إله إلا الله” БАРТАРӢ ВА БУЗУРГИИ КАЛИМАИ "ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ” "Аллоҳ гувоҳӣ дод, ки ҳеҷ маъбуде нест, магар Ӯ. Ва фариштагон ва донишмандон дар он ҳоле гувоҳӣ доданд, ки Аллоҳ ба адл тадбиркунандаи ин олам аст. Ҳеҷ маъбуде нест ба ҷуз Ӯ, ки Ғолибу Устуворкор...
БАРТАРӢ ВА БУЗУРГИИ КАЛИМАИ "ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ”
فضل و تعظيم كلمة “لا إله إلا الله”
БАРТАРӢ ВА БУЗУРГИИ КАЛИМАИ
"ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ”
"Аллоҳ гувоҳӣ дод, ки ҳеҷ маъбуде нест, магар Ӯ. Ва фариштагон ва донишмандон дар он ҳоле гувоҳӣ доданд, ки Аллоҳ ба адл тадбиркунандаи ин олам аст. Ҳеҷ маъбуде нест ба ҷуз Ӯ, ки Ғолибу Устуворкор аст”. Оли Имрон:18. Муфассирин дар баёни сабаби нузули ин оят гуфтанд: Ин оят дар ҷавоби суоли ду тан аз Шомиҳо нозил шуд, ки ба Мадина омаданд ва аз Паёмбар ﷺ пурсиданд, ки бузургтарин гувоҳӣ ва шаҳодати Аллоҳ дар китобаш чист? Ва чун ин оят нозил шуд, пас он ду нафар имон оварданд.
“Ло Илоҳа иллаллоҳ” ин калимаест, ки шахси кофир бо гуфтани он ба Ислом дохил мегардад. Ин калимаро дар азон ва иқомат ва хутбаҳо гуфта мешавад. Тамоми Паёмбарон барои ин калима фиристода шуданд. Ин калима калиди "Дорус салом" аст. Дар қиёмат аз аввалину охирин аз ин калима пурсида мешаванд. Аллоҳ фармуд: "Аллоҳ мӯъминонро ба сабаби эътиқоди устуворашон дар дунёву охират пойдор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад ва ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад". Иброҳим-27. Паёмбар ﷺ фармуданд; «Бинои Ислом панҷ аст; 1. Гувоҳӣ додан ба он, ки нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Аллоҳ». Ибни Уяайна раҳимаҳуллоҳ гуфт; “Бузургтарин неъмат ин калимаи "Ло илоҳа иллаллоҳ" аст”. Ибни Аббос разияллоҳу анҳу гуфт: “Калимаи Таййиба дар Қуръон ин калимаи Ло илоҳа иллаллоҳ аст”. Калимаи Таййиба ин шаҳодати ҳақ, даъвати ҳақ ва дурӣ аз ширк аст. Ин калимаро мо бояд бо забон бигӯем ва бо қалб тасдиқ намоем ва онро эълон бикунем. Ва ин калима шомили чаҳор лафз аст: 1. Ло. 2. Илоҳ. 3. Илло. 4. Аллоҳ.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_2024-04-27_10-52-38.jpg | Download |

БАРТАРӢ ВА БУЗУРГИИ КАЛИМАИ "ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ”
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device