
ҚАЛБИ АСИР - Забони Тоҷикӣ
القلب الأسير ҚАЛБИ АСИР Паёмбар ﷺ соҳиби динор ва дирҳамро банда номиданд, зеро ӯ асири он аст. Ва ӯ ба хотири динору дирҳам фарзу воҷиботро тарк карда ба муҳаррамот даст задааст. Аллоҳ таъоло он шахсе, ки ба фитнаи занон гирифтор шудааст, қалби мариз номид. Ва бемории қалб, яъне...
ҚАЛБИ АСИР - Забони Тоҷикӣ
القلب الأسير
ҚАЛБИ АСИР
Паёмбар ﷺ соҳиби динор ва дирҳамро банда номиданд, зеро ӯ асири он аст. Ва ӯ ба хотири динору дирҳам фарзу воҷиботро тарк карда ба муҳаррамот даст задааст. Аллоҳ таъоло он шахсе, ки ба фитнаи занон гирифтор шудааст, қалби мариз номид. Ва бемории қалб, яъне баромадан аз ҳудуди худ ва гирифтор шудан ба бемории шубҳа, бемории шаҳавот, бемории мунофиқон ва бемории гуноҳ аст, зеро ҳамаи инҳоро Аллоҳ дар Қуръон мариз номид. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ҳароина ман бар шумо аз ду бемории хатарнок метарсам, ки он бемории шаҳавот ва шубуҳот аст”. Аҳмад.
Паёмбар ﷺ фармуданд: “Ончи аз ду гурги гурснае, ки ба галаи гусфандон даромада онҳоро кушта ҳалок мекунад, аз ин дида фосидтар он шахсе аст, ки ҳарис ба ҷамъи мол ва ҳарис ба обрӯ доштан дар байни мардумро дошта бошад”. Тирмизӣ.
Ва давои ин беморӣ тарсидан аз Аллоҳ ва мухолифат кардан ба талаботи ҳавову ҳавас ва ҳаракат кардан ба сӯйи ризоияти Парвардигор аст.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٢-١٢_١٠-٣٣-١٠.jpg | Download |

ҚАЛБИ АСИР - Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device