
ҚАЛБИ ПОК - Забони Тоҷикӣ
القلب الطاهر ҚАЛБИ ПОК Паёмбар ﷺ дар ҳаққи ҷавоне ба Аллоҳ дуо карданд, ки қалбашро пок гардонад, зеро қалби пок аз ҳама фаҳшо пок аст. Ва қалбҳо ду навъ аст: Қалби пок ва қалби наҷас. Аллоҳ таъоло поконро дӯст медорад. Аллоҳ фармуд: “Аллоҳ мехоҳад, ки шуморо пок созад ва бар шумо...
ҚАЛБИ ПОК - Забони Тоҷикӣ
القلب الطاهر
ҚАЛБИ ПОК
Паёмбар ﷺ дар ҳаққи ҷавоне ба Аллоҳ дуо карданд, ки қалбашро пок гардонад, зеро қалби пок аз ҳама фаҳшо пок аст. Ва қалбҳо ду навъ аст: Қалби пок ва қалби наҷас. Аллоҳ таъоло поконро дӯст медорад. Аллоҳ фармуд: “Аллоҳ мехоҳад, ки шуморо пок созад ва бар шумо неъмати Худро тамом кунад, то шавад, ки шукргузорӣ кунед”. Сураи Моида.
Дар асл Аллоҳ таъоло қалбро пок офарид, вале гуноҳ онро нопок гардонид. Паёмбар ﷺ фармуданд: “Бор Илоҳо, ҳамчуноне ки матои сафед аз чирк поку соф мегардад, гуноҳонамро пок ва соф бигардон”. Муслим.
Ифлостарини гуноҳ ин ширк аст. Аллоҳ таъоло фармуд:“Пас аз палидии бутон дурӣ ҷӯед”. Ҳаҷҷ 30.
Ва баъзе аз муҳаррамот палидтар аз баъзеи дигар аст. Бинобарин Аллоҳ таъоло тавба карданро кафорат барои гуноҳони кабира гардондааст. Аллоҳ фармуд: “Эй мӯъминон, ҷуз ин нест, ки хамр ва қимор ва нишонаҳои маъбудони ботил ва тирҳои фол палид ва аз кирдори шайтон аст, пас аз вай дурӣ ҷӯед, то бошад, ки растагор шавед”. Моида 90.
اللغة الطاجيكية
Забони Тоҷикӣ
File | Action |
---|---|
photo_٢٠٢٤-٠٢-١٣_١٣-٤٢-٠٣.jpg | Download |

ҚАЛБИ ПОК - Забони Тоҷикӣ
Scan QR Code | Use a QR Code Scanner to fast download directly to your mobile device